http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ғазалҳои Лоиқ Шералӣ (овози аслӣ дар шакли mp3)

Ту эй гаҳвораю тобути ишки ман .mp3
ҳаҷмаш: ~ 853 kb - 0.8 mb
Ту, эй гаҳвораю тобути ишқи ман!
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам.

Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи армонҳо,
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи ҳирмонҳо,
Дар оғӯше, ки атри шеъри тар дорад,
Дар оғӯше, ки дидори саҳар дорад.

Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки дар навмедиям уммедҳое ҳаст.
Дар оғӯше, ки андар рӯзҳои тираи умрам
Бароям нав ба нав хуршедҳое ҳаст.

Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаволатгоҳи рӯҳи ман.
Дар оғӯше, ки маҳрумам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаловатгоҳи рӯҳи ман.

Ту, эй гаҳвораю тобути шеъри ман,
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,

Дар оғӯше, ки қадрашро надонистам,
Дар оғӯше, ки меҳрашро наварзидам,
Дар оғӯше, ки боре ҳам наарзидам...

Лоик Шерали


  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
что байт - это 8 бит
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|