Хабарҳо
Декабр 2024
Мубодилаи асъор | ||
1 USA | с. | |
1 EURO | с. | |
1 RUBL | с. |
Маълумот |
|
Сомонаҳои мо: | |
Телефон: |
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Ноҳияи Рашт
Ноҳияи Рашт яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ин ноҳия 10 марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта аст. Аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи 1955 ин ноҳия бахши марказии вилояти Ғарм буд.
Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001 ноҳияи Рашт номида шуд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки 185 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Рашт дар водии Рашт ҷой дорад. Дар Шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар Шарқ — бо ноҳияи Ҷиргатол, дар Ҷануб — бо ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияи Тавилдара, дар Ғарб - бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.
Ин ноҳияи 5346,9 км² масоҳат дорад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он рӯди Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Рашт Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Рашт - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Рашт ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Бахшбандӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Рашт 2 шаҳрак - Ғарму Навобод ва 11 ҷамоат дорад:
Аскалон |
|
Ғарм |
|
Қалъаи Сурх |
|
Қалъанак |
|
Қазноқ |
|
Навдеҳ |
|
Навобод |
|
Оби Меҳнат |
|
Раҳимзода |
|
Тагоба |
|
Ҳиҷборак |
|
Ҳоит |
|
Ҷафр |