Хабарҳо
Декабр 2024
Мубодилаи асъор | ||
1 USA | с. | |
1 EURO | с. | |
1 RUBL | с. |
Маълумот |
|
Сомонаҳои мо: | |
Телефон: |
НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Ноҳияи Варзоб
Ноҳияи Варзоб яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Варзоб ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Варзоб аст, ки 25 км шимолтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Варзоб ҷой дорад.
Ин ноҳия 29 октябри соли 1939 дар таркиби вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.
Ҷойгоҳ
Ноҳияи Варзоб дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар Шимол бо ноҳияи Айнӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд, дар Ғарб - бо ноҳияи Ҳисор, дар Ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Шарқ — бо ноҳияи Ваҳдат ҳаммарз аст. Аз сӯи ҷануб ба канораҳои шимолии шаҳри Душанбе мепайвандад.
Дараи Ромит, ки бахше аз ин ноҳия аст, осоишгоҳҳову созаҳои тафреҳӣ ва кӯҳнавардӣ, чашмаҳои оби маъданӣ ва сулфур дорад.
Паҳноварии ин ноҳия км² аст. Аз шимоли ноҳияи Варзоб ба ҷануби он рӯди Варзоб гузар мекунад, ки ба рӯди Кофурниҳон мерезад.
Ҳукумат
Сарвари ноҳияи Варзоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Варзоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Варзоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Бахшҳои идорӣ
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Варзоб 2 шаҳрак - Варзоб Навобод ва 11 ҷамоат дорад:
Айнӣ |
|
Варзобқалъа |
|
Деҳмалик |
|
Зидеҳ |
|
Лучоб |
|
Чорбоғ |