http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Учебные материалы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

БАРНОМАИ ДАРСӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ 1 ДАР НИМСОЛАИ ДУВВУМ

МАВЗӮИ 1. Шиносоӣ бо Visual Basic 6.0

Мақсад: Шиносоӣ бо мафҳуми «алгоритм», «барнома», «барномасоз», «барномасозӣ». Омӯзонидани тарзи ба кор омода сохтани Visual Basic, ивазкунии хосияти объектҳо, навиштан ва аз бар кардани барнома, сабт, корбарии барномаҳо ва ғайра.

  • Барнома чист? Барномасозӣ.
  • Намудҳои нармафзор.
  • Алгоритм.
  • Сохтани барномаи аввалин ва баргардони (Compilation)он.
    • Гузориши масъала.
    • Сохтани робит (Interface).
      • Лавҳаи унсурҳо.
      • Панҷараи хосияти объектҳо (Properties).
      • Панҷараи лоиҳа (Project).
      • Панҷараи коди барнома (Code).
    • Барномасозӣ (сохти коди барнома)
    • Созиш, сабт, баргардон.
  • Ба кор омода сохтани Visual Basic 6.0.
  • Шакли робити истифодабаранда.
  • Панҷараи хосиятҳо (Properties).
  • Панҷараи лоиҳа (Project).
Таҷриба: Сохтани барномаи аввалин ва баргардони он.

Истилоҳот: Барнома, барномасозӣ, алгоритм, шумораи иттилоот, робит, паймонаи барномавӣ, лоиҳаи барномавӣ, объект, хосияти объект, қиммати хосият, воқеа, тартиб, синфи объектҳо, баргарбон, забони барномасозии объекгароӣ.

Саволҳо:

  1. Иттилоот чист?
  2. Воҳиди ченкунии иттилоот?
  3. Алгоритм чист?
  4. Кадом намуди барномаҳоро медонед?
  5. Сохтори барнома аз чанд зина иборат аст? Номбар кунед.
  6. Объект чист?
  7. Лоиҳаи барномавӣ чист?
  8. Баргардони барномавӣ чист?
  9. Забони барномасозии объектгароӣ чист?
  10. Панҷараи муҳити тароҳииVisual Basic – ро шарҳ диҳед.

МАВЗӮИ 2. Тағйирёбандаҳо ва операторҳои Visual Basic 6.0

Мақсад: Шиносоӣ бо мафҳуми тағйирёбанда, номи тағйирёбанда, асосҳои операторӣ, вуруди додаҳо бо истифода аз функсияи InputBox, тасвири навиштаҷот бо ёрии функсияи MsgBox.

Тағйирёбанда чист? Ном ва қиммати тағйирёбанда.

  • Эълон намудани навъи тағйирёбанда дар барнома.
  • Истифодаи тағйирёбанда барои ҳифзи додаҳо.
  • Оператор чист?
  • Функсияҳо ва ифодаҳо. Намудҳои функсияҳо.
  • Коркарди ифодаҳои сатрӣ.
  • Кор бо ҳаргуна намудҳои додаҳо.
  • Асоси амалҳои математикӣ.

Таҷриба: Сохтани барнома бо истифода аз функсияи MsgBox ва InputBox, истифодаи функсияҳои сатрӣ.

Истилоҳот: Тағйирёбанда, номи тағйирёбанда, қиммати тағйирёбанда, калимаи калидӣ, навъи додаҳо, навъи тағйирёбанда, тағйирёбандаи ададӣ, тағйирёбандаи матнӣ, оператор, операторҳои алгоритмӣ, қоидаи синтаксисӣ, мантиқи андоза, оператори эълонкунандаи навъ, тағйирёбандаи маҳалӣ, пайвандии сатрҳо.

Саволҳо:

  1. Тағйирёбанда чист?
  2. Номи тағйирёбанда чист?
  3. Қоидаи эълонкунии номи тағйирёбанда?
  4. Қиммати тағйирёбанда чист?
  5. Кадом навъи тағйирёбандаро медонед?
  6. Оператор чист? Мисол оред.
  7. Функсия чист? Ифода чист?
  8. Кадом намуди функсияҳоро медонед?
  9. Кадом функсияҳои бо матн коркунандаро медонед?
  10. Пайвандии сатр чист?

МАВЗӮИ 3. Тарзи графикӣ.

Мақсад: Шиносоӣ бо тарзҳои графикии SCALE, PSET, CIRCLE, LINE, PRINT, инчунин бо функсияҳои RGB ва QBColor.

  • Тарзи SCALE.
  • Тарзи PSET.
  • Тарзи CIRCLE.
  • Тарзи LINE.
  • Тарзи PRINT.
  • Функсияҳои RGB ва QBColor
  • Усули пуркунии мӯҳраҳо.

Таҷриба: Сохтани гузориш бо истифодаи тарзҳои графикӣ.

Истилоҳот: Тарз, тарзи графикӣ, параметри тарз, коэффисенти фишурдашуда, усули бастани иттилоот.

Саволҳо:

  1. Тарз ё усул чист? Тарзи графикӣ чист?
  2. Кадом тарзҳои графикиро медонед?
  3. Тарзи SCALE.
  4. Тарзи PSET.
  5. Тарзи CIRCLE.
  6. Тарзи LINE.
  7. Тарзи PRINT.
  8. Интихоби функсияҳои RGB ва QBColor.
  9. Кадом усули пуркунии мӯҳраҳоро медонед?

МАВЗӮИ 4. Сохтор бо шартҳо.

Мақсад: Шиносоӣ бо алгоритмҳои хаттӣ, ифодаҳои мантиқӣ, оператори бешартии GoTo ва гузариши бешарт, тартиб додани ифодаҳои шартӣ бо ёрии оператори If … Then сохтани барномае, ки аз шарт вобастагӣ дорад, сохтори шартии Select Case истифода бурда шавад.

  • Алгоритми хаттӣ.
  • Ифодаҳои мантиқӣ ва ҳисоббарории қиммати онҳо.
  • Мафҳуми оператори шартӣ.
    • Сохтори шартии If … Then…
    • Санҷиши якчанд шартҳо дар сохтори шартӣ.
    • Истифодаи операторҳои мантиқӣ дар ифодаҳои шартӣ.
  • Сохтори шартии Select Case.
  • Интихоби функсияи Rnd.
  • Оператори бешарти GoTo ва гузариши бешарт.

Таҷриба: Намунаи истифодабарии сохтори шартӣ дар барнома.

Истилоҳот: Алгоритми хаттӣ, шарти оддӣ, шарти мураккаб, ифодаҳои мантиқӣ, операторҳои мантиқӣ, афзункунии мантиқӣ, ҷамъкунии мантиқӣ, инкоркунии мантиқӣ, оператори бешарт, гузариши бешарт.

Саволҳо:

  1. Алгоритми хаттӣ чист? Мисол оред.
  2. Шарти оддӣ чист?
  3. Шарти мураккаб чист?
  4. Кадом аломати баробаркуниро медонед?
  5. Оператори шартӣ чист? Синтаксис + намуна.
  6. Сохтори шартӣ?
  7. Интихоби функсияи Rnd.

МАВЗӮИ 5. Такрорёбӣ ва сиклҳо.

Мақсад: Шиносоӣ бо мафҳуми сикл ва такрорёбӣ. Шиносоӣ бо сикли масрафсанҷ, сикли шартӣ.

  • Такрорёбӣ чист? Сикл чист?
  • Барномасозӣ, такрорёбӣ бо ёрии сикли масрафсанҷ For … Next.
  • Сиклҳои гузошташуда (тартиб додани сиклҳои мураккаб For … Next)
  • Барномасозӣ, такрорёбӣ бо ёрии сикли шартии Do.

Таҷриба: Намунаи истифодабарии сикли масрафсанҷ дар барнома, сиклҳои гуногуни операторӣ, сикли шартӣ, сохтани барнома бо истифодабарии сикли шартӣ.

Истилоҳот: Такрорёбӣ, сикл, сикли масрафсанҷ, сикли шартӣ, сикли дарунӣ, сикли берунӣ, сикли гузошташуда, сохтори барномасозӣ, сикли беохир.

Саволҳо:

  1. Сикл чист?
  2. Такрорёбӣ чист?
  3. Сикли масрафсанҷ чист?
  4. Сикли шартӣ чист?
  5. Кадом сиклҳоро гузоранда меноманд?
  6. Кадом сиклҳоро дарунӣ меноманд?
  7. Кадом сиклҳоро берунӣ меноманд?
  8. Сикли беохир чист? Усули баромад аз сикли беохир?

МАВЗӮИ 6. Истифодабарии паймонаҳо ва протседураҳо.

Мақсад: Шинососӣ бо мафҳуми паймона, паймонаи низоммеъёр, усули даъват ва эълони паймона дар барнома бо протседураҳои (саросарӣ ва маҳалӣ), протседураҳои навъи Sub ва Function.

  • Кор бо паймонаҳои низоммеъёр.
  • Кор бо тағйирёбандаҳои саросарӣ.
  • Сохтани протседураи умумӣ интихобшуда.
    • Протседураи умумӣ чӣ тавр даъват ва чӣ тавр иҷро мешавад.
  • Сохтани протседураи навъаш Sub.
  • Сохтани протседураи навъаш Function.

Таҷриба: Илова намудани паймона дар лоиҳаи барномавӣ.

Истилоҳот: Протседура, протседураи умумӣ, паймона, шакли паймона, протседураҳо, даъвати протседураҳо, оператори даъватӣ, парметри даъватӣ, синфи протседура.

Саволҳо:

  1. Паймона чист?
  2. Протседура чист?
  3. Протседураи умумӣ чӣ тавр даъват ва чӣ тавр иҷро мешавад? Намуна оред.
  4. Функсия чӣ тавр даъват ва истифода карда мешавад?
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Всем известная "собачка" – символ @ – стала использоваться в адресах электронной почты с легкой руки Рэя Томлинсона (Ray Tomlinson), который, собственно, электронную почту и придумал. Дата появления "собачки" в компьютерном мире – 1972 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|