Ноҳияи Фархор— яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930[1] дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[2].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор аст, ки дар канори рӯди Панҷ, 96 км ҷанубу шарқтар аз Қурғонтеппа ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Фархор то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак як фурудгоҳ ва як корхонаи пахта дорад.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Фархор бо сарзамине 1183,1 км2 дар дараи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ғарб — бо ноҳияҳои Вахш ва Румӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вулусволии Дарқад аз бахшҳои Вилояти Тахор дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Мардум Мардуми Фархор ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2008, ноҳияи Фархор 95 040 тан ҷамъият дошт.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Фархор Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Фархор Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Фархор барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст[5]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархор ҷой доранд.
Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» «Борғар» омада [6] ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» буда ва «Форғар» ва «Борғар» арабишудааш аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Форғар» дар достони ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд мекунад[7].
Дар садаи X м. Фархор сарзамине ободон ва дорои кишту барзи фаровон ва мардуми бисёр буд[8]. Дар садаи XVII м. ин сарзаминро «Форхар» мехондаанд[9].
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Фархор бахше аз вилояти Кӯлоб гардид.