Ғончӣ

Ноҳияи Ғончӣ — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ин ноҳия шаҳри Ғончӣ аст ки 66 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Ғончӣ то Душанбе 263 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ  Ноҳияи Ғончӣ бо сарзамине 1588,7 км? дар миёни кӯҳсори Туркистон ва дараи Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Зафаробод ва Спитаман, дар ғарб бо ноҳияҳои Устарӯшан ва Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Масчо аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Яке аз деҳаҳои зебоманзар ва дорои софу беғубор доштаи он Fазантарак мебошад. Деҳаи мазкур дар тарафи чапи сой мавкеъ дорад. Дар деҳот асосан 3 мактаб мавчуд аст. 

Мардум  Мардуми Ғончӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Ғончӣ 140 ҳазору 859 тан[3] ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 87,5 кас дар км2 буд[4].

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Ғончӣ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ғончӣ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ғончӣ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод Ноҳияи Ғончӣ 5 корхонаи саноатӣ, 564 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 514 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 43 142 га, аз ҷумла 14 228 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу аст[7].

Иқтисод Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.

Таърих Ин ноҳия 5 декбари 1929 дар бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Дар тӯли мавҷудияти худ ин ноҳия ду бор бо ноҳияи Истаравшан муттаҳид ва ҷудо шудааст. Соли 2009 ҷашни 85-умин солгарди бунёди ноҳия баршузор шуд.