Хуҷанд

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад,ки инҷо маркази тиҷорат ва роҳе буд, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард.  

Масоҳати шаҳр 124,6 км кв аст ва дар он 679,4 ҳазор нафар (соли 2008)[1] шаҳрванд зиндагӣ мекунанд. Пойтахти Тоҷикистон 193 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 меҳмонхона, 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 20 донишгоҳ, 7 осорхона ва 7 намоишсаро дорад.

Тарих Дар вақти истилои худ Искандари Макдунӣ шаҳри қадимаи Хуҷандро пурра несту нобуд карда, дар ҷояш шаҳри нав сохт, ки номи онро Александрияи Эсхата (Александрия Крайняя) ном гузошт.

Дар асри 13 дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Дар айни ҳол Хуҷанд маркази вилояти Суғд мебошад.  

Мудофиаи Хуҷанд аз Муғулҳо

Мудофиаи қаҳрамононаи Хуҷанд. Темурмалик Он қисмати лашкари муғул, ки барои забт кардани Хуҷанд фиристода шуда буд, агарчи муддати зиёде ин шаҳри қадими тоҷиконро ба муҳосира гирифт, вале дар ишғоли он муваффақияте ба даст оварда натавонист. Аз ин ҷиҳат пас аз мағлубияти Бухоро ва Самарқанд як гурӯҳи калони аскарони муғул ба ёрии муҳосиракунандагони Хуҷанд омаданд ва ба ин тариқа, дар атрофи шаҳр даҳҳо ҳазор нафар аскарони чингизӣ ҷамъ шуданд.

Ба мудофиакунандагони шаҳр марди ҷасурӣ ҷангӣ Темурмалик роҳбарӣ менамуд. Мудофиакунандагони шаҳр фақат он вақт ба тарк намудани Хуҷанд маҷбур градиданд, ки дигар ба душман муқобилат кардан мумкин набуд. Онҳо ба ҷазирае, ки дар дарёи Сир воқеъ градида буд (зоҳиран, як километр поинтар аз шаҳр) рафта истеҳком гирифтанд ва аз он ҷо муборизаи худро бар зидди истилогарон давом доданд.  

Ин ҷазира барои мудофиа хеле муносиб буд. Вай дар ҷое воқеъ гардида буд, ки тирҳои душман аз соҳил рафта намерасид. Ҳатто ба манҷаниқ ҳам имкони ҳуҷум кардан набуд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар рӯ оби дарёи Сир саддае сохта ва ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо барои ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонида сад бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субхдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва саддаи ононро вайрон карда, пас мегаштанд. 

Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин сиҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Лекин вақте ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндмонда худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кӯмаки рӯшноии машъалҳо бо маҳрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул ҳамчун каргасҳои гурусна аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро ба зери борони тир мегирифтанд. Қаҳрамонони Хуҷанд ҳамлаҳои душманро рафъ намуда, роҳи пурхатари худро мепаймуданд. Бар тибқи ривояте, дастаи аскарони муғул аз онҳо пеш гузашта, аз ин лаб ба он лаби дарё занҷир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро пора намуда, барои убури киштиҳои худ роҳ кушоданд. 

Темурмалик дар наздикии шаҳри Ҷанд бо қувваи бузурги ғосибони муғул, ки аз ду тараф соҳили дарёро иҳота карда буданд, дучор гардид. Муғулҳо киштиҳои манҷаниқдорро ба якдигар васл карда, пули мутаҳаррике ба вуҷуд оварданд ва ба ин тариқа, роҳи киштиҳоро бастанд. Ба диловарони Хуҷанд лозим омад, ки аз кишти пиёда шуда, бо душман охирин дафъа ба ҷанг дароянд. Дар ин ҷанги ду қувваи нобаробар тақрибан ҳамаи сарбозони Темурмалик ҳалок гардиданд. Фақат худи Темурмалик муваффақ шуд, ки бо як дастаи хурде аз марг раҳои ёфта, худро ба хоразм бирасонад. Дар онҷо бақияи қӯшуни торуморшудаи Хоразмшоҳ ҷамъ омада буд. 

Темурмалик дар Хоразм тамоми мардони ҷангиро муттаҳид намуда, дубора бар зидди истилогарони муғул амалиёти ҳарбиро оғоз кард. Вай ба душман якчанд зарбаи сахт ворид оварда, ҳатто муваффақ гардид шаҳри Ёникентро, ки яке калонтарин шаҳрҳои поёноби дарёи Сир буд, забт намояд. Лекин аз он ҷо, ки дар байни Темурмалик ва дигар сарлашкарони Хоразмшоҳ ваҳдат ва муносибати хуб мавҷуд набуд, ӯ ин муваффақиятҳои ҳарбии худро вусъат дода натавониста маҷбур шуд ба Хоразм баргардад. 

Писари Мухаммади Хоразмшоҳ султон Ҷалолиддин ҳам ба муқобили қӯшуни Чингизҳои муқовимати ҷиддӣ намуда, бо ҳамроҳии Темурмалик ба истилогарони муғул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранҷом худи ӯ низ дар муҳорибаи наздикии дарёи Ҳинд дучори шикаст гардида, аз саҳнаи мубориза берун рафт. Ташкили мудофиаи шаҳрҳо ҳангоми ҳуҷуми чингизиён хеле бад буд. Фақат оммаи халқ шаҳру деҳаҳои худро фидокорона мудофиа мекарданд, дар ҳоле ки аъёну ашроф, амалдорон ва табақаи олии рӯҳониёни ислом барои ҳифзи ҳаёт, молу мулк ва ҷоҳу ҷалоли худ бо душман созиш менамуданд. Ин буд, ки Чингизхон бо қувваи камтар аз қувваи лашкари Хоразмшоҳ ба ғалабаҳои пай дар пай ноил мегардид.