Ноҳияи Кӯлоб— яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳри Кӯлоб аст ки дар канори рӯди Ахшу, шохоби рости рӯди Панҷ, 203 км ҷанубу ғарбтар аз Душанбе, дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Кӯлоб бо сарзамине 272,9 км? дар дараи рӯди Ахшу ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Ховалинг ва Мӯъминобод, дар шарқ — бо ноҳияи Шӯробод, дар ғарб — бо ноҳияи Восеъ, дар ҷануб — бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсоя аст.
Мардум Мардуми ноҳияи Кӯлоб ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Кӯлоб 89 ҳазору 400 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш ҳамроҳбо шаҳри Кӯлоб 623,0 кас дар км? буд[2].
Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ ва чорводорӣ мекуна
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Кӯлоб Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Кӯлоб Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Кӯлоб барои 5 сол интихоб мекунанд.
Таърих Сарзамини кунунии ноҳияи Кӯлоб дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон ё Хуттал буд ки миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш ҷой дошт[5]. Номи ин вилоятро Хатлон ва Хуталон ва ал-Хуттал низ овардаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» овардааст: Зи Хатлон в-аз Тирмизу Висагирд, Зи ҳар сӯ сипоҳ андар овард гирд.
Амирони Хуттал, ки Хутталоншоҳ ва ё Шери Хатлон хонда мешуданд, аслу насаби хешро ба Баҳроми Гӯр (Панҷум Баҳром (Вараҳрон) аз подшоҳони Сосонӣ, 420 – 438 м.) мерасонданд. Хироҷи Хутталро дар замони хилофати Аббосиён 193 300 дирҳам зикр кардаанд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ин ноҳия 23 ноябри соли 1930 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[6] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[7].