Наврӯз

Наврӯз Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқони пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Рӯзи 21 март дар Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна ва Қавқоз ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 22 март дар Қазоқистон.

Таьрихи Иди Наврӯз Навруз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Яке аз рамзҳои асосии иди Наврӯз сумалак мебошад. Дар васфи Наврӯз шоирону нависандагони барҷастаи мо шеърҳо эҷод кардаанд: азҷумла шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

Баҳор омад садои булбул омад,

Насими фораму бӯи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кулоҳи сап-сафед олу ба сар кард.  

Гулгардони Аз омадани Навруз кабл аз хама кудакон бо баргузории маросими гулгардони ба дигарон пайгом мерасонанд. Ин маросим як хафта кабл аз Навруз, яъне дар авоили дахаи дуввуми мохи морс аз суи гурухе аз кудакон, ки дар даст гулхои сияхгуш, бойчечак ё наврузи доранд, ичро мешавад Ин кудакон ба хар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърхое фарорасии фасли бахорро ба сохибони он хонадон шодбош мегуянд.  

Ривоят Навруз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин чашнро Чамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар мохи аввали бахор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин руз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу руз баробар мешаванд. Рузи якуми Фарвардинро рузи якуми баҳор - саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Навруз иди даромадани баҳор, саршавии киштукор мебошад. Точикон дар ин руз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепушанд ва орзуи то соли оянда беҳбудихои зиндагиро менамоянд.

Дар қадим олимон аз донахои зироат сабзахо тайёр ва ба воситаи онхо ҳосилнокии зироатхри соли навро пешгуи мекарданд. Дастархони наврузй ғанитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширини, шарбат, май, нон, мевачот мугузоранд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санчид, сирко, сим, сабза, сабзй, ки ишора ба хафт амшосипандон - фариштагони бузург аст. Панч рузи аввали Навруз ба арводи фраврхо бахшида мешавад. Дар ин рузхо қабристонҳо пок мекарданд, дар онҳо қурбонихо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рузхо арвоҳи гузаштагон аз осмун ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоҳ мишаванд ва барои он, ки онҳоро фаромуш-накарданд, изҳори қаноат менамоянд ва ба авлоди худ кумак мекунанд. Панч рузи дуюмро мардуми шаҳру деҳот бо тую тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишй мебахшиданд. Панч рузи сеюмро мардум дар дарбори шоҳҳо бо тантана чашн мекарданд ва боқимонда 15 рузи дигарро дар саҳро ба сайри наврузй мебахшиданд..