Ноҳияи Шӯрообод яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод аст ки дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад. Аз Шӯрообод то Душанбе ... км роҳ аст.
Ҷойгоҳ Ноҳияи Шӯрообод бо сарзамине 2380 км? дар баландии 2-2,5 ҳазор метр аз сатҳи дарё дар доманаи кӯҳсори Ҳазрати Шоҳ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз ва Мӯъминобод, дар ғарб — бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб — бо ноҳияи Ҳамадонӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ — бо вулусволии Роғ аз бахшҳои Вилояти Бадахшон дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Мардум Мардуми ноҳияи Шӯрообод ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2010, ноҳияи Шӯрообод 52 ҳазору 200 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 22,7 кас дар км? буд[2].
Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд. Дармонбахшии асали Шӯрообод дар саросари Тоҷикистон шинохташуда аст.
Ҳукумат Сарвари ноҳияи Шӯрообод Раиси Ҳукумати он аст ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шӯрообод Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шӯрообод барои 5 сол интихоб мекунанд.
Тарих Сарзамини кунунии ноҳияи Шӯрообод дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буда ва то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажӯҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд. Устод Зафар Мирзоён маънии ҷойномро «гузаргоҳ» пешниҳод карда бо ин эҳтимол ки «шояд ин макон гузаргоҳи мардуми водии Кӯлоб аз ин соҳили Ому ва мардуми Чоҳобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст»[5]. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Терайзамин бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.
Ноҳияи Шӯрообод 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт[6] ва 2 декабри соли 1992 бахше аз вилояти Хатлон шуд[7].
Аз ёдгориҳои торихии ин сарзамин мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аст.