Панҷакент

Панҷакент (Панҷакат ё Панҷиканд) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Ҷойгоҳ Шаҳри Панҷиканд дар дараи рӯди Зарафшон ва шарқтар аз шаҳри Самарқанд дар баландии 900 метр аз сатҳи дарё ҷой дорад. Ин шаҳр бисёр ҷойҳои диданӣ, ёдгориҳои торихӣ ва меъморӣ дорад.

Дар канораи чапи рӯди Зарафшон наздики маркази шаҳр суфае ҷой дорад ки бозмонда аз вайронаҳои шаҳри садаҳои V—VIII милодӣ аст. Дар паи ковишҳои бостоншиносӣ дар ин суфа, ки 60 сол пеш оғоз шуда ва дар 30 соли ахир раҳбарияшонро бостоншинос Борис Маршак бар уҳда дорад, вайронаҳои шаҳри суғдӣ пайдо шуд ки дар оғози садаҳои миёна бисёр калону обод буда аст ва ҳамчунин деворнигораҳои зебои нигоргарони суғдӣ ёфт шуданд.

Каме ғарбтар аз Панҷиканд вайронаҳои рустои Саразм ҷой доранд, ки аз ҳазорсолаҳои IV—II пеш аз милод бозмонда ва пайвандҳои танготанги мардуми бумиро бо тамаддунҳои куҳани Ховари Наздик нишон медиҳанд. 

Дар дараи Зарафшон 60 км шарқтар аз Панҷиканд рустои Панҷрӯд ҷой дорад ки зодгоҳи сардафтари адабиёти порсӣ-тоҷикӣ Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст.

Оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 км дуртар аз Панҷиканд дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷой дорад, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикӣ дар садаҳои XII—XIV аст.

Шаҳри Панҷиканд замоне пойтахти подшоҳони Суғд, аз ҷумла Деваштич, буда ва дар замони аморати Бухоро маркази бекнишини Панҷиканд буд.  

Мардум Мардуми Панҷиканд ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 36 500 кас тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат Сарвари ноҳияи Панҷиканд Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.

Таърих Ин ноҳия соли 1953 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст.