Спитаман

Ноҳияи Спитаман — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Нов аст ки 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Нов то Душанбе 294 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ  Ноҳияи Спитаман бо сарзамине 355 700 км? дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Мастчоҳ, дар шарқ — бо ноҳияи Расулов, дар ғарб — бо ноҳияи Ғончӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Мардум Мардуми Исфара ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2009, ноҳияи Исфара 222 600 тан ҷамъият дошт.

Ҳукумат Сарвари но?ияи Спитаман Раиси ?укумати он аст ки вайро Раиси ?ум?урии То?икистон таъйин мекунад. Ни?оди ?онунгузори но?ияи Спитаман Ма?лиси намояндагони хал?? мебошад ки онро раъйди?андагони но?ияи Спитаман барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод Ноҳияи Спитаман 10 корхонаи саноатӣ, 288 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 283 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 16 425 га, аз ҷумла 15 821 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].

Таърих  Ин ноҳия 29 сентябри 1926 чун ноҳияи Нов дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Узбакистон таъсис ёфта аст. 10 маи соли 1929, бино бар Қарори III анҷумани Шуроҳои ҶШС Узбакистон округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дода шуд ва дар октябри соли 1929 бахше аз Тоҷикистон шуд. 21 ноябри соли 2003 бар асоси Қарори № 460 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди Спитаман ноҳияи Спитамен[7] номида шуд. Спитаман (порсии бостон:Spitamana, юн.-қад. 370 то милод — 328 то милод) сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Александр дар соли 329 то милод буд.