Амрико ва ё иттифоқҳои касабаи занон 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он вақтҳо занон то 16 соат дар як шабонарӯз меҳнат мекарданд, вале барои корҳояшон музди ночизе мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозии рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.
Ҷашнгирӣ дар ИҶШС Дар Русия рӯзи Байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста - оҳиста рӯзи Байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашнӣ-расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оиди сиёсаташ нисбати занон ҳисобот медод.