Дар яке аз деҳоти кӯҳистон
Марди пире намудааст макон.
Гарчи мӯи сараш чу барф сафед,
Чашмҳояш вале пур аз умед.
Чеҳрааш тоза мисли рӯи баҳор,
Соф чун оби чашмаи кӯҳсор.
Хотираш шоду хурраму хурсанд,
Чун дили мардуми саодатманд.
Мисли фӯлоди пухта сахт танаш,
Рафта осори дард аз баданаш.
Сар-сари кӯҳ меравад озод,
Меҷаҳад мисли оҳуи навзод.
Дар хирадмандию заковат пир,
Беназир асту марди ботадбир.
Дорад ӯ эҳтироми ҳар одам,
Дорад ӯ иззати ҷавонон ҳам.
Донад азбаски қиммати инсон,
Гармрӯй аст назди пиру ҷавон.
Дар ҷаҳон ҳар чӣ дидааст ин пир,
Дидаасту шунидааст ин пир.
Гузарондаст зиндагониаш
Гоҳ бо обу гоҳ бо оташ.
Дида дилҳои сахттар аз санг,
Одамони дарандатар зи паланг.
Саргузашташ хулоса ҳаст зиёд,
Ҳаргиз ӯро намераванд аз ёд.
Пири хушбахт духтаре дорад,
Духтари моҳпайкаре дорад.
Қоматаш рост мисли сарви боғ,
Чашмҳояш электрикчароғ,
Гӯиё дар фазои кӯҳистон
Медурахшад ситораи тобон.
Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст,
Зуҳалу Зӯҳра дар низоми ӯст.
Сурх ҳамчун анор рухсораш,
Фораму дилкушост гуфтораш.
Мезанад ҷӯш дар дилаш шодӣ.
Бар рухаш рангу бӯи озодӣ.
Ҳаваси тозае ба сар дорад,
Орзуи нави дигар дорад.
Орзуи ҷавонии умраш,
Мақсади комронии умраш.
Давраи мисли гул шукуфтани ӯст,
Гул зи боғи ҳаёт чидани ӯст.
Дӯст медорад ӯ ҷавонеро,
Писари хубу қаҳрамонеро.
Дар забон номи он ҷавон сад бор
Менамояд чу як сабақ такрор.
Соати тӯй ҳам муқаррар шуд
Иду айёми васл ҳамсар шуд.
Лек дар пеш ҳаст кори дигар:
Нагирифтаст розигии падар,
Пас чӣ сон бо падар сухан ронад,
Падарашро чӣ гуна фаҳмонад?
Падараш балки ҳеҷ розӣ нест,
Балки ин кори ҳазлу бозӣ нест?
Вай дар ин бора сахт ҳайрон буд,
Хотираш з-ин сабаб парешон буд.
Ишқ монанди бод тӯфон кард,
Кӯҳи сабр аз дилаш парешон кард.
Рози пинҳонӣ ошкоро шуд,
Гавҳари мақсадаш ҳувайдо шуд,
Пир завқиду во намуда лаб:
— Духтарам,- гуфт: “дил-дили Зайнаб”.