Қурбони ту, эй диёри ишқам,
Боғу чаману баҳори ишқам.
Баски ба ту сахт меҳр бастам,
Бо номи ту сарбаланд ҳастам.
Дар ишқи ту ман ғазалсароям,
Боби нави достон кушоям.
Аз нури ту чашми ман дурахшон,
Аз рӯи ту маҳфилам чароғон.
Пурнур ту мисли офтобӣ.
Фарзанди азизи инқилобӣ,
Ҳуснат ба ҷаҳони торикистон
Пошид зиё чу моҳи тобон.
Боғ аз ту таровати нав омӯхт,
Хуршеди фалак ҷамол афрӯхт.
Ҳам аз ту ҳаёти халқ хуррам,
Ҳам аз ту бинои умр маҳкам.
Навъи башар аз ту сарфароз аст,
Дастони муҳаббаташ дароз аст.
Шаъну шарафу камоли халқӣ,
Хурсандии бемисоли халқӣ.
Фазлу ҳунарам, Ватан, туӣ, ту,
Сози зафарам, Ватан, туӣ, ту.
Монанди ту боғи пурсамар нест,
Дарёи васеи пургуҳар нест.
Ҳар кас, ки бувад туро дар оғӯш,
Аз ишқи ту мезанад дилаш ҷӯш,
Ҳар бор рухат чу гул кушояд,
Лаъл аз дили санг берун ояд.
Булбул ба чаман нашида гӯяд,
Шоир ба Ватан қасида гӯяд,
Созанда тарона карда хезад,
Соқӣ ба қадаҳ гулоб резад.
Ҳар кас, ки ба ишқи ту қадам зад,
Номаш ба сари фалак алам зад.
Ту манбаи нозу неъмати халқ,
Майдони фарохи ҳиммати халқ.
Сабзидани нахли қомататро
Кист он ки намекунад тамошо?
Кист он ки туро напарваридаст,
Аз меҳри ту дасти худ кашидаст?
Аз оби ту ҳар касе, ки нӯшид,
Дар роҳи ту содиқона кӯшид,
Рухсори ту боз то кунад гул,
Омад ба зуҳур ғайрати кул,
Бишкофта сангҳои хоро
Меоварад обҳои дарё.
Паҳлӯи чаман сухан кунад гул,
Сар то қадами Ватан кунад гул,
Эй хурраму сабз боғу бӯстон,
Эй машъали Шарқ – Тоҷикистон,
Гул кун, ки ҳамеша Маскави сурх
Пошад ба ту нури ахтари сурх.
Гул кун, ки сурудам ин гапи нав
Парвозкунон барад ба Маскав:
Гулбоғ ба обу тоб омад,
Як ҷӯи калони об омад.
Маҳбуби азизи бовафоят
Завқида чапак занад бароят.