Дар паси кӯҳҳои қулласафед,
Ки равон аст наҳри зар-афшон,
Дар лаби рӯди Сир бувад сарсабз
Боғе аз боғҳои тоҷикон.
Ин чаман, бӯстони озода,
Манзили дилкушои зархез аст,
Меҳнати мардумони ин водӣ
Ҳайратафзою шӯҳратангез аст.
Қаҳрамонӣ дар ин замонаи нав
Ба зану марди ленинободӣ,
Мондааст аз замонаҳои қадим,
Ҳамчу мероси хуби аҷдодӣ.
Меҳри беҳадду беҳисоби Ватан
Халқи тоҷикро ба ҷӯш андохт.
Қудрати ақлу илми ленинӣ
Ватани халқро гулистон сохт.
Ёд кардӣ қасам ба раҳбар, ки
“Ватан аз пахта мекунам таъмин”,
Қасам иҷро намудаӣ, эй мард,
Сад ҳазорон ба мардиат таҳсин!
Қасам — ин аксу рӯҳу виҷдон аст,
Шӯҳрати марди олам — ин қасам аст.
Қасам аз ҳар чӣ зӯру мӯътабар аст,
Шаъну номуси одам — ин қасам аст.
Ба қасам то абад вафо кардан
Сарбаландии ҳар як инсон аст.
Ҳам қасам хӯрда, ҳам адо кардан
Ин фақат кори ҷумла мардон аст!
Баъди ин фатҳу ин зафар бинам
Шоду пурханда ҳар ду рӯи туро,
Бинам аз офтоби оламтоб
Боз равшантар обрӯи туро.
Менамояд ба дида боғотат
Пурсафо дилнишину хуррамтар,
Баъди ҳар фатҳи халқ меояд
Бӯи ҷонбахши як баҳори дигар.
Ленинобод, эй диёри азиз!
Ин ҳамон бӯи навбаҳори ту аст,
Иди имрӯзаи ту тантанаи
Зафару фатҳи пахтакори ту аст.
Ба туву мардҳои майдонат
Аз дилу ҷон салому салламно!
Ҳам ба миробу бар раисонат
Шарафу эҳтирому салламно!