Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар!
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мғзи ҷигар кун дӯстро.
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Ошён гарм мнгузорӣ, дар дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
Аз замин нон резаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту.
Агарчӣ дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.