|
МАВҶ ДАР САҲРО
Мавҷро оё ба саҳро дидаӣ?
Шарфаи онро магар бишнидаӣ?
Дидаӣ уқёнуси беобро,
Мавҷҳои хушки нилитобро?..
Ман чунин баҳри аҷибро дидаам,
Дар сари ҳар мавҷ дил варзидаам.
Буд ин баҳри кабуди беканор
Дар канори Украини номдор.
Мавҷи қулзум, мавҷи гандум буд он,
Ризқи мардум, нони мардум буд он.
Мешиносам, мешиносам бӯи он,
Бӯи ширин, бӯи дерин – бӯи нон
Ман зи хурдӣ баҳра аз он бурдаам,
Дар Бадахшон аз ҳамин нон хӯрдаам.
Ҳаст дар ёдам, ки ногаҳ ҷанг шуд,
Роҳи ин мавҷи саховат банд шуд,
Нон баробар шуд ба ҷони одамӣ,
Рафт лаззат аз даҳони одамӣ…
Ҳис мекардем, дар он солҳо
Аз тани мо буд узви мо ҷудо.
Баъд мавҷи лашкари бебоки мо
Рӯфт сади хасмро аз хоки мо.
Мавҷи ин дарё зи нав озод шуд,
Боз мардум сер, мулк обод шуд.
Донаи хайри ҳамин саҳрои пок
Сабз шуд андар биёбони қазоқ,
Сабз шуд, пурмавҷ шуд чӯли ғариб,
Зиндагии тоза шуд ӯро насиб.
Ман ба ҳар мавҷи маҳини ин замин
Боз дидам мавҷҳои Украин…
Украина! Мавҷи ту, эҳсони ту,
Ҳосили сарпанҷаи деҳқони ту,
То Душанбею Қазоқистон расид,
Нони гандум қуввату дармон расид,
Ҷунбиши дарёст - рафтори шумо,
Мавҷҳою
мавҷҳою
мавҷҳо!.. Кафо||Ба пеш
|
|