|
МАВҶҲОИ ДНЕПР |
|
МАВҶИ ОДАМ
Ба хотираи Қахрамони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев,
…Днепр!
Ҳаст дар ёдат магар он соли селу оташин,
Мавҷҳои одамин монанди сели оҳанин
Омаду дар мавҷҳоят банд шуд?
Як тараф урдуи мо роҳи гузар мекофтӣ,
Як тараф тири адӯ тӯри аҷал мебофтӣ,
Мегузаштӣ аз миёни як замину ду замон.
Ногаҳон тоҷикписар худро ба оғӯшат фиканд,
Шарфаи тири адӯ гардид ин соат дучанд,
Мавҷҳоят гашт аммо ҷавшани ҷони ҷавон.
Аз паи ӯ ротаи ӯ сӯи он соҳил шитофт.
Сади оҳан, сади оташ, сади хороро шикофт,
То ба он соҳил нахустин роҳи дарёро кушод,
Пораи хоки туро бигрифт аз чанги адӯ
Аз ғазаб лабрез шуд гӯе дили танги адӯ,
Чашмро пӯшида аз тӯпу туфанги бешумор
Тири дунёро ба рӯи паҳлавонон рехтанд, -
Оби дарё, хоки соҳилро ба элак бехтанд.
То дами субҳ аз дусад ҷон панҷ ҷони зинда монд,
Панҷ одам дар канорат ҳамчу дил поянда монд;
Пушт – обу пеш-оташ, аз ҳаво – борони тир,
Дар миёни обу оташ – панҷ фарзанди далер
Тан ба тан бо лашкаре ҷангид…Оваҳ, ногаҳон
Тири душман аз билети сурх – аз ҷавшан оҳан гузашт,
Аз дили пурхашми тоҷик – аз дами оҳан гузашт,
Ҳаст дар ёдат, чӣ сон афтонд ӯро бар замин?..
«Воҳ, модар!» гуфтаю хоки туро оғӯш кард.
Лаҳзае модар – замин қалби ҷавонро гӯш кард:
Даргузашт ӯ…
Дар ҳамин дам
лашкар аз дарё гузашт.
Байрақи оғуштаи хунро зи нав бардоштанд,
Ҳамчу машъал, раҳнамо болои сар афроштанд,
Ҳар диле мезад ба зарби «Интиқому интиқом!»
Шуд ҳамон як пораи хоки Ватан - маъвои ӯ,
Манзили бо нақди ҷон бигрифтаи ӯ, ҷои ӯ.
Манзилеро, ки ҳама бо ҷон харидорем мо.
Эй Днепр!
Солҳо аз пеши манзил меравӣ,
Гӯй охир,
Аз чӣ ин сон сӯи соҳил медавӣ?
Гуфт бар ман
Бо забони мавҷҳои безабон:
«То бигирам ин дили ҷовидро
Дар канори мавҷҳо…
Зикри бисёрест дар савти шумо,
Мавҷҳою
мавҷҳою
мавҷҳо!.. Кафо||Ба пеш
|
|
|