Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР

МАВҶИ ПӮЛОД

Авф кун, хонанда,
эй донандаи асрори ман,

Мавҷ дар пӯлод ҷустан
нест оё кори ман?

Рост мегӯӣ, ки дар пӯлоду оҳан мавҷ нест,
Дар сукути сард
асрор аст,
аммо авҷ нест.

Ман, ки дилбинам,
ба чашми дил назар меафканам,

Ман ба ҳар торе -
чу тори қалб нохун мезанам:

Мавҷ мехезад зи ҳар чизе, агар беҷӯш нест,
Савт мехезад зи ҳар торе,
агар хомӯш нест…

Гар бубинӣ печи Мартэн -
кӯраи пӯлодро,

Мавҷи оҳанро бубинӣ –
мавҷи оташзодро…

Запороже!
Манбаи пӯлод,
ин ҷо ёди туст,

Ин сафар мавҷи дили ман –
Мавҷаи пӯлоди туст.
Ҳаст дар ёдам ҳамон соат,
ки Мартэн боз шуд,

Гӯӣ мурғи офтобӣ аз қафас
парвоз шуд,

Баъд ҷорӣ мавҷи пӯлодӣ
ба мисли об шуд,

Цех рахшон гашт,
мисли кӯраи дартоб шуд.

Ончунон рахшон, ки оҷиз дидаю наззора шуд,
Ончунон тафсон, ки ҳар одам чу оташпора шуд,
Марди мисинрӯй, к-андар обу оташ ғарқ буд,
Рӯй оташ, мӯй оташ, дар нигоҳаш барқ буд,
Дар сари ин мавҷ ҳоким буд…
Дорам боварӣ,
Одам аз пӯлод пурзӯр аст дар тобоварӣ.
Мавҷи оҳан дар гудозу сӯзи оҳан будааст,
Бо миҷози хеш оҳан
мисли одам будааст.

Ман кунун меоварам имон
як бори дигар

Назди оташ, назди оҳан,
назди марди коргар,

Назди ин ҳикмат, ки бошад рост
чун панди падар:

«Одамӣ бошад зи гул нозук,
зи оҳан сахттар…»

То фалакҳо рафт осори шумо,
Мавҷҳою
мавҷҳою
мавҷҳо!..

Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба