Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР


МАВҶИ СУРУД

Дидаӣ, ҳар гаҳ ки ҳофиз
нағмаро сар мекунад,

Тори танбӯраш ба тори дил
баробар мекунад.

Гоҳ бо гармию нармӣ
менавозад торро,

Менавозад хотири дилдодаю
дилдорро.

Гоҳ бо ҳузне ба тори ҷӯр
нохун мезанад,

Гӯӣ нохунро ба тори
қалби маҳзун мезанад.

Бесабаб мардум намегӯяд:
«Диламро кард об

Нолаи танбӯру овози
пурасрори рубоб…»

Ман ба ин ҳикмат
надорам шак,
варо санҷидаам,

Як шаби май
обгаштанҳои худро дидаам.

Дар канори рӯд
ёри лирадастам об кард,

Нағмаро дар тоб оварду
маро бетоб кард.

Чанг мезанад ӯ ба нармӣ
торҳои созро,

Бо имое мебаровард
аз тилисм овозро.

Ман зи байни торҳои лира
дидам рӯи ӯ,

Мӯи мушкин, чашми нилин,
ҳолаи абрӯи ӯ,

Буд тори лира,
ё худ тораи гесӯи ӯ,

Ки саропо соз шуд,
дил рафт дар паҳлӯи ӯ.

Як тараф рӯди Днепр
сеҳркорӣ менамуд,

Дар гудози ман ба духтар
хуб ёрӣ менамуд.

Ҷунбиши ҳар тор – мавҷу
қатраи дарёст мавҷ,

Мӯи пурчин – мавҷ,
дарё – мавҷ,
дар дилҳост мавҷ.

Ҷӯр мешуд мавҷи рӯду
авҷи овози суруд,

Паҳн мешуд аз ҳамин ҷо
дар фазои беҳудуд.

Як замоне об гаштам,
қатраи дарё шудам,

Он шаби май бо Днепр
ҷовидон якҷо шудам…

З-ин сабаб дурам,
вале аз ӯ намегардам ҷудо,

Ҳар садое мебарорам,
ҳаст бо ӯ ҳамсадо!..

Аз дили дарёст овози шумо,
Мавҷҳою
мавҷҳою
мавҷҳо!..

Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба