Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАВҶҲОИ ДНЕПР

МАВҶИ ХАНДА

Дар лаби рӯди Днепр
Духтаре дидам, чӣ духтар!
Тифли зебо дар канораш буд модар.
Мӯи қамчин, рӯи гулчин,
Гардани зеби нигоҳаш,
Ҷабҳаи софу ду абрӯи сиёҳаш;
Домани шерозадору
Куртаи гулдӯзии ӯ,
Чеҳраи ранги гули наврӯзии ӯ:
Чашми шаҳлои кабудаш,
Ҳам сурудаш, ҳам вуҷудаш
Мекашад дар дидаам акси туро,
Катерина, Катерина!
Монд кӯдакро ба соҳил
Ӯ ба рӯи сабзаи тар,
Гашт берун аз қабо озода пайкар,
Ханда карду рафт тозон
Сӯи дарёи хурӯшон,
Пайкари покиза шуд дар мавҷ пинҳон.
Дида ин ҳолат,
ба ногаҳ
Нола аз ҷонам баромад,
Пеши чашмам даҳшати дирӯза омад:*
Кӯдаки дар барф танҳо,
Модари дар қаъри дарё,
Оҳи бӯрон, нолаҳои боди саҳро.
Ёди мозӣ боз омад,
Аз дилам овоз омад:
«Катерина, Катерина!»

Чун баромад рӯи дарё,
Бо адое кард нозе,
Мӯи ӯ бо мавҷҳо мекард бозӣ.
Дӯстонам,
бори аввал

Моҳро дар об дидам,
Обро дар партаваш гул-об дидам.
Дар ҳамин фурсат ҷавоне
Тифлро озод бардошт,
«Катерина!» гуфтаю фарёд бардошт.
Дар ҷавобаш гуфт: лаббай,
Тез аз дарё баромад,
Бол бикшоду ба сӯи тифл омад.
Бача хандон,
оча хандон,
Офтобу об хандон,
Аз миёни хандаҳо шуд бахт тобон.
Бахти ман ҳам тофт ногоҳ,
Ман шудам имрӯз огоҳ:
Зинда бошад ҳамчу дарё –
Катерина, Катерина!

* Қаҳрамони достони Т.Г.Шевченко Катерина баъд аз ҷустуҷӯи зиёде маҳбубашро меёбад, вале ӯ аз тифл, аз модараш рӯй мегардонад. Катерина тифлро ба рӯи барф монда худашро ғарқ мекунад.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба