Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


ДАРДИ САВВУМ


Заминро саропо камин дидаам,
Гумонро ба ҷои яқин дидаам,
Сари меҳргон моҳи кин дидаам,
Биёву бубин, он чи ман дидаам:
Ба бурҷи зираҳпӯшу майдони ҷанг,
Парафшон ҳамон парчами лоларанг.
Чу ин ранг буд ошнои ҳама,
Ҳинобанд бар дасту пои ҳама,
Аз ӯ даст шустан ба як моҳу сол,
Бувад амри имкону амри маҳол.
Ба бурҷи дигар парчами сабз буд,
Ба наврӯз ҳамрангу ҳамнабз буд.
Чу сабзу ҷавон буд аҳли алам,
Кашида аламро ба нӯги қалам,
Муқобил намуданд бо оташе,
Ба байроқи сурхи ҷаҳондаркаше.
Чу ҷанги қалам тезу хунрез шуд,
Каломи шифо заҳромез шуд.
Ба ҳам хӯрдани ранг оҳанг шуд,
Сароғози ин офати ҷанг шуд.
Ба Вахшонзамин – он биҳишти барин
Ба по шуд набарди ду қавми қарин.
Ту гӯӣ ки буд Аҳриман пешво,
Зи кӯрӣ надидӣ касе хешро.
Чунин разми бе назмро кас надид
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гаҳвора то пири кор
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор…
Битаркид харсангу борони санг,
Биборид ҳамранги тири фаранг.
Ба боғе, ки эҷози Вашхур буд,
Ҳам эҷоди деҳқони муздур буд.
Бишуд аз буни хеш деҳқон ҷудо,
Биёвард рӯяш ба раҳми худо.
Бигуфто, ки эй соҳиби адлу дод,
Ба худ мекунам рӯзгоре ҷиҳод,
Ба ҷое шикастам саги нафси хеш,
Ки хонам кафи хок фирдавси хеш.
Пас ин ҷангу ин сангу найранг чист?
Ҳақи зоти поки туро ранг чист?
Ки онро парастам, парастам ба ҷон
Дар ин рангбозии охирзамон…
Дар ин ҷанги сурхию сабзу сиёҳ,
Сари сабзи инсону сабзи гиёҳ,
Сари сабзи гулзору саҳрои сабз,
Пари сабзи байроқу овои сабз
Биҷунбиду бархост аз ин замин,
Ҳама бор баста ба чархи барин,
Зи пастии дунё ба чархи баланд,
Куҷо роҳ ёбӣ ба ин бору банд?
Зи Вахшу зи Панҷу зи шаҳри Қубод
Буни тоҷиконро баровард бод,
Ва ин бодро ҷаҳл бунёд буд,
Харобии ин хокаш эҷод буд.
Зираҳпӯшҳо бо сияҳпӯшҳо,
Зи хуни бародар қадаҳнӯшҳо,
Бибурданд ин халқро то куҷо,
Ба ҷое бувад пуштибонаш худо.
Ва ин ҷойгаҳ Панҷи поён бувад,
Чу поёни дарёи Вахшон бувад.
Касе бумиёнро фирорӣ намуд,
Заминро зи хун обёрӣ намуд.
Ба посухи Зардушт Яздон бигуфт,
Ва онро ҳама аҳли Эрон шунуфт:
«Ба марзе, ки дар он яке мурдааст,
Ҳамаи покии хокро бурдааст.
Пас аз сол гардад чу он хок пок,
Бикоред гандум, бикоред ток».
Чӣ коранд мардум дар ин куштазор,
Чи киштанд мардум, чи оранд бор?
Ба ҷое расиданд бечорагон,
Ки сарбози русӣ бувад посбон.
Аз онҳо биҷустанд пушту паноҳ,
Дар онҳо бидиданд раҳми нигоҳ.
Кашиданд он банди симхорро,
Кушоданд он марзи пиндорро,
Даромад халоиқ ба ин марзи «рус»,
Зи Қумсангиру Панҷу аз шаҳри Тус.
Ду-се рӯз орому осон гузашт,
Ба тақсими як пораи нон гузашт,
Зи ҷо кандан аз кандани ҷон гузашт,
Чу лаъли Бадахшон, ки аз кон гузашт.
Ба рӯзи дигар ҳамлаи вопасин
Чу оғоз шуд аз ҳавову замин,
Гулӯла бибориду борони тир,
Ки аз синаи модарон ҷои шир,
Равон гашт сад ҷӯи хун лолагун,
Бишуд одаму одамӣ сарнагун.
Дигар модарон тифлҳо зери пар,
Ҳамеҷуст аз рӯи дарё гузар,
Тану ҷон ба покии дарё заданд,
Чӣ нафрин ба дунии дунё заданд.
Заноне, ки нагзашта аз оби ҷӯ,
Ба дарёи Ҷайҳун шуда мӯ ба мӯ,
Ҷавонону пирон ба фарёди зан,
Даромад ба дарё ба имдоди зан.
Зи абри сияҳ тир боранда буд,
Шафақ ранг дар об афканда буд.
Зи хун нимаи об сурхоб шуд,
Ва оби равон бистари хоб шуд,
Ту гӯӣ ки ин рӯд тобут буд,
Ва рӯпӯши тобут ёқут буд,
Ба тобути зинда ҳазорон шаҳид
Бирафту зи дида бишуд нопадид.
Сари пояи он ба дӯши малак,
Ҳамерафт фарёди зан то фалак:
Ки хондаст Шаҳномаро вожгун,
Ки аз синаи меҳр афшурд хун?
Магар ҷанги Сӯҳробу Гурдофарид
Аз ин қавми ҷангозмо кас надид?
Бараҳна чу дид мӯи он духти шоҳ,
Бишуд баҳри Сӯҳроб олам сиёҳ.
Пиёда шуду пеши ӯ бо суҷуд,
Бипурсид пузиш, бигуфто дуруд.
Магар ин сипоҳони кӯру каранд,
Ки бо модари хеш разм оваранд?
Қазоро, дар ин дам дар он сӯи рӯд,
Ба Қундуз ба поёни чархи кабуд,
Чунон ҷанги тайёраю танк буд,
Замину само ранг дар ранг буд.
Ду даста муҷоҳид ҳамезад ба ҳам,
Само буд оташ, замин буд нам.
Чу наздик диданд ин ҷангро,
Гузашта зи кин, хоста нангро,
Намуданд эълон, ки оташ бас аст,
Ки дар байни мо дашти хору хас аст.
Дар он марзи якпораи бетараф,
Ба он қавми бечораи бетараф,
Бибояд ки ин лаҳза ёрӣ кунем
Ва изҳори хешу таборӣ кунем.
Зи боло сафи чархболон гузашт,
Ду заврақ зи дарёи нолон гузашт,
Намуданд аз ҷавшани ҷон сипар,
Гирифтанд ин марзро зери пар,
Бубастанд нерӯи аҳриманӣ
Ва аз соҳили «дӯст» бар душманӣ,
Бибурданд қавми зи худ рондаро,
Ба раҳми худо рӯ ба рӯ мондаро.
Ҳама чун гузаштанд аз буму бар,
Сипаҳбуд гуфто, ки хокам ба сар!
Дуояш бишуд ин замон мустаҷоб
Ва хокаш ба сар гашт рӯзи ҷавоб.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба