|
ДАРДИ ЧАҲОРУМ
Гашт користон чу гӯристони мо,
Рафт дар хоки сияҳ имони мо.
Ҷони саг гардид ними ҷони мо,
Рӯҳ рафт аз хонаи вайрони мо.
Гавҳари бечораи девона монд,
Дар диёри хештан бегона монд.
Хилъате пӯшида монанди кафан,
Мезанад фарёд бар зоғу заған:
Гум шуда дар ин замин Меҳроби ман,
Дар куҷо ҷангу куҷо Сӯҳроби ман?
Гар ба ҷое дидаӣ муғи ҳаво,
Гӯй аз ӯ як паёму як садо.
Лошахоре дар ҳаво пар мезанад,
Бар ҷасад бо нӯг ханҷар мезанад.
Кушта шуд Сӯҳроб пеши чашми ӯ,
Дар дилаш омехт меҳру хашми ӯ,
Мурдани Меҳробро дар об дид,
Ӯ ба бедорӣ ба мисли хоб дид.
Бо сари шӯридаю мӯи пареш,
Зиндагонӣ дошт дар дунёи хеш.
Оқибат мафҳуми ҳасту нестӣ,
Аз сараш бо мӯи сар бархестӣ.
Бо замини дардмандаш роҳ рафт,
Бо умеде сӯи лашкаргоҳ рафт,
Дид як сарбозу гуфто: «Эй писар
Гар бидонӣ, гӯ зи Сӯҳробам хабар,
Куштаанд Сӯҳробро андар китоб,
Буд ҷавобаш бо шитобу бо итоб.
Дид марди дигаре бо ришу фаш,
Дар сияҳрӯӣ ба монанди ҳабаш,
Гуфт: «Ҷони ман фидои ҷони ту,
Марди доноиву ман нодони ту,
Ҳаст фарзанди маро Меҳроб ном,
Гар бубинӣ, гӯй аз модар салом».
Дар аҷаб омад сипаҳсолори пир,
Мекунад густохӣ кампири ҳақир,
Гуфт: «Дар масҷид бувад Меҳроби ту,
Рав биҷӯ, пайдо шавад ноёби ту».
Рафт, дар масҷид даромад бо ниёз,
Нолаҳо бардошт бар ҷои намоз.
Чун занонро сӯи масҷид роҳ нест,
Ӯ ба меҳроб асту кас огоҳ нест.
Буд дар масҷид парасту посбон,
Буд бар шифти баландаш ошён.
Ӯ парастори ҳамин даргоҳ буд,
Рӯзу шаб аз лонааш огоҳ буд.
Шуд парасту бар сари ӯ парфишон,
Аз садоқат, аз саломат як нишон…
Гуфт: «Эй халлоқи ин қавну макон,
Аз чӣ моро офаридӣ дар ҷаҳон?
Аз чӣ моро соҳиби ҷон кардаӣ,
Ҷони равшанро чӣ арзон кардаӣ,
Раҳмати ту синаи раҳм офарид,
Қаҳри ту хашм офарид, фаҳм офарид.
Кас нагӯяд, худ ҷавобамро бигӯй,
Рӯзгори чун саробамро бигӯй.
Дар куҷо мондӣ ту Сӯҳроби маро,
То куҷо бурдӣ ту Меҳроби маро?!
Чун ба зоти ҳақ касе ҳамроз нест,
Дар заданҳои худо овоз нест,
Меҳри ӯ нур аст, ҳоло нур шав,
Бигзар аз ин дӯзахистон, ҳур шав,
Он киро гум кардаӣ пайдо шавад,
Ин дили худмурдаат эҳё шавад».
Кафо||Ба пеш
|
|