Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


ДАРДИ ПАНҶӮМ


Баъди сулҳу оштӣ аҳли ҷиҳод,
По ба сӯи ҷодаи ваҳдат ниҳод.
Чун силаҳро бар замин бигзоштанд,
Кинаҳоро аз камин бардоштанд.
Роҳ аз Элоку Норак боз шуд,
Бесаре дар ин фазо шаҳбоз шуд,
Ӯ ба як ҳамла ҳазорон ҷон гирифт,
Даврро аз гардиши даврон гирифт,
Оташ андар масҷиду меҳроб зад,
Бар рухи хуршеди тобон об зад.
Рӯҳи Мавлонои Чархӣ зери чарх,
Дар мақоми ростӣ чун тири чарх,
Чархболон гашта гирди тири ӯ,
Тир меборанд дар тафсири ӯ.
Барқҳо меҷаст аз боли сиёҳ,
Халқро оварда бар ҳоли табоҳ.
Дар замин як лашкари садранг буд,
Бар масофи танк дунё танг буд.
Бин, зираҳдорон зираҳҷунбон шуда,
Ҷода чун саҷҷодаи Усмон шуда.
Ҷода аз хуни шаҳидон лолахез,
Хок то афлок будӣ нолахез.
Мебарояд аз лаби Кофарниҳон,
З-ин мусулмону аз он кофар фиғон,
Вистан, эзиди поки зистан,
Пас чӣ бошад куштану бигристан?
Пас куҷо шуд ахтари бурҷи баланд,
Бар сари мо нест дар рӯзи газанд.
Мо ватанхоҳони ахтарсӯхта,
Мо ҳама дида ба мижгон дӯхта,
Дидаем ин хокро бо чашми танг,
Ки дар ин дарёст гулмоҳӣ наҳанг.
Аз ҳамин ҷо ҷанги нав оғоз шуд,
Ин кабӯтар боз шуд, парвоз шуд.

***


Ҳаст Мавлонову мавлои дигар,
Дар тариқат роҳпаймои дигар,
Сар бурида зоту авлоди варо,
Сарбурони маст бечунучаро,
Дор буд омодаи Мансури нав,
Мебаромад аз наистон сури нав
Бо тани афсурда чун нохуни ман,
Гар бирезад бо халоиқ хуни ман,
Нест боке, лек метарсам аз он,
Ки шавад ин хок помоли хазон.
Ки бимонад хуни ман доғи сиёҳ,
Дар баёзи халқи бепушту паноҳ.
Хест ҷою ҷомаро тағйир кард,
Аз дами қотил рами нахчир кард,
Рафт, дар зовияе манзил гирифт,
Роҳбараш дил буд, роҳи дил гирифт.
Пас бубахшид ҷумлаи арвоҳро,
Раҳравону зумраи бероҳро.
Авф кард ӯ қотилони хешро,
Покдину золими бадкешро.
Гуфт: «Роҳам ҳақ гузидан будааст,
Дидам, он сӯи расидан будааст,
Роҳи ин водӣ маро чун мебарад,
Аз миёни воҳаи хун мебарад.
Аз паи ҳаштод соли умри ман,
Шуд сафои раҳ ба аҷзоям кафан.
Дар ҳамин зовияи кӯҳи баланд,
Рӯҳ мегардад ҷудо аз бори тан.
Мӯниси яктои ман, маҳбуби ман,
Аз ҳама хубони олам хуби ман,
Дар ҳамин манзил ки ман ҳастам, туӣ,
Як дари дунё чу барбастам, туӣ,
Ҷӯям он рӯзе набудам, будаӣ,
Холиқи ҷону вуҷудам будаӣ,
Ҳафтае биншаст бо савму сало,
Хост аз даргоҳи ҳақ радди бало.
Ҳафтае бигзашт бе нону ғизо,
Манзиле паймуд дар роҳи ризо.
Аз суфуфи посбони бешумор,
Як муриде нон овардӣ ба ғор,
Рӯзи васлашро ба ноне дур кард,
Боз бо сози замин ҳамҷур кард.
Аз фазо тайёра омад тезпар,
Зад гулӯла бар тани кӯҳу камар,
Зад ба як болаш ба кӯҳу даргирифт,
Аз шарораш шӯъла барфи тар гирифт.
Баъд аз он омад садои ғулғуле,
Лаҳни одам чун навои булбуле.
Диди аз ғори сияҳ мори сияҳ,
Бар дари зовия тимори сияҳ,
Пои аскарбачаҳои велгир,
Бесалоҳу бо силоҳи шергир.
Барфи навборида ҳамчун шир буд,
Не паи инсону не нахчир буд,
Ин қавора ғорро нодида рафт,
Ҳамчу «миг»-и сӯхта болида рафт.
Гуфт Мавлоно ба дил: Ман кистам?
Кас намебинад маро, ман нестам.
Пас кӣ бошад он ки дар ман будааст,
Гавҳаре дар қолаби тан будааст.
Он чӣ аз ин банд берун меравад,
Ҷониби даргоҳи бечун меравад.
Ҳафт маҳ ҷӯёи Мавлоно шуда,
Аз паси анқои нопайдо шуда,
Лек Мавлонои нав пайдо нашуд,
Ҳукми қатлаш дар само имзо нашуд.
Паҳн шуд овоза: Мавло мурдааст,
Нардбони осмонро бурдааст…
Пас бурун омад зи ғори хештан,
Ҳеҷро нашнохт ҷуз бӯи Ватан,
Қолабе мерафт дар симои пир,
Аз диёри пурбалои мунҳасир,
Кас намепурсид ӯро кистӣ,
Аз куҷоӣ, дар куҷо мезистӣ?
Бурд танҳо қолаби тан аз ватан,
Бурд нерӯи таҳамтан аз ватан…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба