Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


РУҶӮИ МОДАР


Рафт Гавҳар рӯ ба сӯи чашмаҳои офтоб,
Дид пире пеш меояд, на бедору на хоб.
Гуфт: «Эй марди худо, Меҳроби манро дидаӣ?
Рӯи фарзанди маро, рӯи ватанро дидаӣ?»
Гуфт Мавлоно, ки «Ман Меҳробро гум кардаам,
Аз даруни ғори торе сайри гардун кардаам,
Шаш ҷиҳат аз нуқтаи нақши асоям беш нест.
Ту ҷиҳат пурсӣ зи мо, моро хабар аз хеш нест:
Ончунон бинам, ки меҷӯӣ азизи хешро,
Пас нагарду пеш бар рӯҳи тамизи хешро».
Гавҳари шӯрида гуфто: «Ин магар девона аст,
Ки ба сурат авлиёву гуфтааш афсона аст».
Пеш рафт аз роҳи пурғавғо, ба сӯи хеш рафт,
То сари Кофарниҳон бо шеваи дарвеш рафт.
Дид танки сӯхта чун гулхани афрӯхта,
Чоки доман диду садҳо домани навдӯхта,
Мардумонро дид навкар аскаронро корсоз,
Аз ҳама бишкаставу пайваста омад сӯзу соз,
Наъра зад Гавҳар, ки собир бош, эй халқи худо,
Қаҳри одам чист дар бодияи қаҳри худо.
Ман ба ҷустуҷӯи Сӯҳробам ҷаҳонро пай задам,
Доди худ бо гӯши боду дар наистон най задам.
Дидаву бишнидаро гӯед аз баҳри савоб,
Рафт Сӯҳробат ба ҷанги Рашт, омад як ҷавоб…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба