|
ДАРДИ ШАШУМ
Шикаста сангари Кофарниҳон шуд,
Ба зери пой ҳамчун парниён шуд,
Кунун дар роҳи Файзобод бод аст,
Ва ин бодия чун боди мурод аст.
Камингоҳи дигар Ҷари кабуд аст,
Раҳе чун ресмону оҳ пуд аст,
Чу разми охирин дар шаҳри Рашт аст,
Қиёматкории боде ба дашт аст.
Ба Ғарм андар фурӯ омад сипоҳе,
Само пур аз сафедию сиёҳӣ.
Ба зери чатру гунбадҳои рангӣ,
Ҳама бо хилъати ранги палангӣ,
Ба зоҳир буд ин ҷанги ситора,
Фазо чун шиша, мешуд пора-пора,
Магар каҷгардии чархи фалак буд,
Ки девонро пару боли малак буд.
Дареғ аз ин ҷавонони навомӯз,
Ҳама фарзанди як момои дилсӯз,
Ба кин оянд бар эъзози модар,
Балое бар сари ёру бародар.
Чу барфи дашту доман то камар буд,
Замин бо ваҳму бо раҳми писар буд,
Чу хели аскар аз боло фаромад,
Яке пою яке бо сар даромад,
Ба зери барф дар кӯҳу даманҳо,
Шамол аз оҳ медӯзад кафанҳо,
Ҳама аз омади иқбол болид,
Замин чун модарони зор нолид.
Агар сарлашкар ин асту набард ин,
Бигӯ бо мурдаву бо зинда омин…
Чу чашми мурдаро пӯшад, ифода,
Ки чашми зинда мегардад кушода.
Зи кӯрии дилу чашми сари мо,
Гунаҳ оташ кашад аз пайкари мо…
Раҳи пӯшидаро чун боз карданд,
Набарди Ғармро оғоз карданд,
Набарди номувозии Навобод,
Зи қоматҳо қиёмат кард бунёд,
Дар ин майдону ин ҷанги ҳавоӣ,
Ба ҳам пайваст хокиву самоӣ.
Ҳамерафт «миг»-ҳо аз абр боло,
Ту гӯӣ бо ризои ҳақтаъоло,
Ҳамеҷаст аз камони осмонӣ,
Чу тири ғайб мушакҳо аёнӣ.
Ҳаметаркид дар имони одам,
Куҷои одамӣ, ки сӯхт олам!
Ба Рашт имрӯз растохез омад,
Нидои «бош»-у ҳам «бигрез» омад.
Аҷаб разме, рамузаш интиқом аст,
Қиёмат ханҷари кинро наём аст.
Чу оташ хест аз лабҳои Сурхоб,
Зи сӯзи ин замин месӯхт маҳтоб.
Пас аз роҳи замин омад сипоҳе,
Ки тираш мегузашт аз мурғу моҳӣ,
Садои гиру дор омад, куш омад,
Ба онҳо ҳарчи пеш омад, хуш омад.
Намуда бо муҷоҳид ҷанг оғоз,
Ки ҷони ҳарду тан мекард парвоз.
Ба ҳам бархӯрд чун оинаву санг,
Ҳама занги шикастан буд оҳанг.
Муҷоҳид буд дасту домани хок,
Чу модар хок дорад домани пок
Ҳама чун донаи тасбеҳ буданд,
Ба ихвони сафо ташбеҳ буданд.
Чу ҷанги ҷумла дар як ресмон буд,
Сари он ресмон дар осмон буд.
Чу ин тори аҳад се тор гардид,
Барои орифон зуннор гардид.
Ва тори сабҳа канду дона пошид,
Ба хона хокаи вайрона пошид.
Хатои банда ё кори худо шуд,
Ки майдони ҳамӣ аз ҳам ҷудо шуд.
Зи майдонҳо ба сӯи кӯҳ рафта,
Зи ҷисми хеш ҳамчун рӯҳ рафта,
Ҳама пардохт бар ҷанги шабехун,
Набинӣ дар шабехун ҳавзаи хун.
Сипоҳи тез дар майдони холӣ,
Ба ҷавлон омада бо тезболӣ,
Аз ин ҷо ҳар касе болу паре дошт,
Миёни сарбаландон як саре дошт,
Бирафт аз кӯҳҳо бе боли баста,
Фурӯ монда занони паршикаста.
Дар ин ҷо не силаҳдору силаҳ буд,
Ҷамеи пиру тифли бегунаҳ буд.
Валекин дастаҳои турку тоҷик,
Ба рӯзи равшану имони торик,
Касеро аз касе озод мекард,
Дар ин ҷо охират эҷод мекард.
Шунав аз ояти нури илоҳӣ:
Гузар аз хашму тундиву табоҳӣ,
Аввал подоши он девонакорист,
Ба поёнаш пушаймониву хорист.
Дареғо, чашмҳоро хун гирифта,
Сари шӯрида аз Маҷнун гирифта,
Ки занҷири вафои пои Маҷнун,
Ҳама бар гардани худ баст акнун,
Ба ин аҳвол ҷанге гашт оғоз,
Ки ҷонҳо аз бадан мекард парвоз.
Гурӯҳе бо масири роз рафтанд,
Ба кӯҳи «Шоҳи Тирандоз»font color=red>* рафтанд,
Дар ин ҷо шаҳпари шаҳбоз бояд,
Ки то бар қуллаи дунё барояд.
Дар ин бунбасти роҳи зиндагонӣ,
Миёни ин ҷаҳону он ҷаҳонӣ,
Силаҳдору сияҳпӯшон расида,
Чунон карданд, чашми кас надида.
Зану марду ҷавону пир яксон,
Ба хоки тира шуд бо тир яксон.
Садо дар кӯҳ мепечид чандон,
Ки бояд мерасид бар гӯши Яздон,
Худоё, ҷанги девону фаришта,
Кӣ дар ин Бесутун бо хун навишта?
Дар ин ҷо навҷавонон пир гаштанд,
Ва пирон чун нишони тир гаштанд.
Сипас ҷанги «далерону» занон шуд,
Ҳама доманкашону мӯкашон шуд.
Кунун ин тифли домангири модар,
Ба сар бардошт доманро чу чодар,
Дарида пардаи исмат зи хоҳар,
Чунин коре магар кардаст кофар?
Куҷоӣ соҳиби кавну маконҳо,
Нигаҳдори замину осмонҳо,
Зи раҳму хашми ту назми ҷаҳон аст,
Ки боби раҳму хашми модарон аст,
Биёву хашмро бардор аз хок,
Зи кӯрон чашмро бардор аз хок.
* Номи қадимии Қуллаи Исмоили Сомонӣ.
Кафо||Ба пеш
|
|