Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ҲАМОСАИ ДОД


ДАРДИ ҲАФТУМ


Ба даргоҳи Бурхи валӣ бо ниёз,
Суханро насозам чу ҷанги дароз.
Замоне фаромад зи чор осмон,
Сафири саодат ба ин хокдон.
Бидид одамиро ба ҳоли табоҳ,
Чӣ подош бинам, чӣ кардӣ гуноҳ?
Ман овардаам номаи бахтро,
Ки осон кунам мушкили сахтро.
Талоши аҷаб дар сари бахт шуд,
Ки бахти ҳама пора чун рахт шуд.
Надида касеро сари бахтиёр,
Ба даргоҳи Яздон бинолид зор:
Ки дӯзах ба дунё чаро сохтӣ?
Чу ҳезум ба ин гӯлах андохтӣ,
Ҳама мӯъминонро зи неку зи бад,
Ки сӯзанд чун дӯзахӣ то абад.
Яке дӯзахатро ба уқбо бубанд,
Бувад ҳаври ин ҷо зи дӯзах баланд,
Пас аз зориву нолаи рӯзу шаб,
Дар дӯзахе баст яздонталаб.
Ба дунё биёвард бӯи биҳишт,
Ва тухми биҳиштӣ ба ин марз кишт.
Пас аз ин чӣ гӯям ба размоварон,
Ки шуд ҷанги Вахиё чун ҷанги ҷаҳон,
Зи Кафтаргузар ҷанг то Лангар аст,
Ки ҳар санги Бурхи валӣ сангар аст.
Чӣ гӯям ман аз ҷабҳаи Дашти шер,
Ки буд нусхаи номаи Ардашер,
Ду даста чу зарба ба урду заданд,
Ба ин ҷанг тимсоли ҷоду заданд.
Ба дасти асорат чу сарҳанг рафт,
Зи мӯю зи рӯи ҳама ранг рафт.
Ту таъбир кун ҷанги Сайёдро,
Кӣ дорад ба каф оташу бодро? Ки дар ҷанги Лайрон майдон куҷост?
Ҳама чархзан, чархи гардон куҷост?
Ки дар панҷаи сӣ ҷавон зӯр чист?
Ҳама саф шикастанду дастур чист?
Сафе ғарқа дар оби Хингоб шуд,
Дили марду зан аз алам об шуд,
Чи зӯре? Зи дасти қадар мерасад,
Чи нуре? Зи шамсу қамар мерасад!
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба