|
I
Қафасфурӯш садо мекунад, ки зуд биё,
Ки мехарӣ зи даруну бурун навои зиё,
Биё, ки кабки дариаш ба сони шоҳин аст,
Ки ин сарои сароянда аст, эмин аст;
Ва ман қафас харидаму рафтам.
Набарди рус,
Само чун кулоҳ танг омад,
Ба хок саҷда намудам, сарам ба санг омад.
Аҷаб, ки марги маро русҳо хабар доданд,
Ба ин фурӯғи дурӯғин чӣ болу пар доданд,
Даму нафас харидаму рафтам.
Ватанфурӯш ба бозори Қандаҳор нишаст,
Нишасту, хӯса тарошид, бут шикаст,
Бигуфтамаш, ба худо, моли мо гарон бошад,
Зи ҷони мардуми афғон ҳамин нишон бошад;
Сипас ҳавас харидаму рафтам.
Ту, эй ситораи хунрези*1 корвони умед,
Мазан зи роҳ, намо то сапеда роҳи сапед,
Ки раҳ набурд ягон корвон аз ин саҳро,
Худойро, чӣ кунам нимашаб тани танҳо!
Саҳар ҷарас харидаму рафтам.
*1 *1Ситораи корвонкуш ||Ба пеш
|
|