|
МАСЪУДНОМА |
|
III
Маро бигзор, то танҳо гузорам ман намозамро,
Ба модар мегузорам ин намозу ин ниёзамро:
Ман аз раҳми шумою раҳмати ҳақ омадам рӯзе,
Ту бахшидӣ маро, модар, аҷаб созу аҷаб сӯзе.
Ба ҳангоми нумӯ аз меҳри зан меҳри ватан рӯид,
Чӣ эъҷозе, ки аз шири сафеде сад чаман рӯид.
Ба ҳифзи ин ватан ё ин чаман бо рус ҷангидам,
Шаби ялдои кишвар дар бағал фонус ҷангидам.
Пас аз ҷанги дарозе рус рафту рӯз дигар шуд
Ва ҳангоми намози бомдоди субҳи кишвар шуд.
Нишастам бо умеде дар намози ваҳдати миллат,
Ки орад меваи тавҳид нахли заҳмати миллат.
Ҳаме мӯйид дар домони хоку домани модар,
Кушо роҳи маро дар ин ҷаҳони боз ё бедар.
Ватан гуфтам ва донистам, ки оғозаш ҳамин хок аст,
Баландиҳои он болотар аз эҳсосу идрок аст.
Аҷаб розе, ки танҳо шоиронаш боз мегӯянд
Ва гоҳе ошиқон дар сина беовоз мегӯянд.
Ту, эй Меҳан, ки будам рафт охир аз паи судат,
Вуҷудам об шуд дар ин набарди буду нобудат.
На ман тоҷи каён ҷустам,
На амволи ҷаҳон ҷустам,
Туро ҳамчун макони адл дар кавну макон ҷустам.
Туро дарёфтам чун ҷавҳари номусу виҷдонам,
Чӣ чора бо ду-се рустамтароши сусти ҳамхонам!
Ки Ҷунбиш мекашонад қиблаи моро ба Туркистон,
Ба Покистон биҷӯяд Гулбидин сарманзили ҷонон.
Мазорӣ дар мазори кӯҳна меҷӯяд сару сомон,
Ва Меҳан чист, афғон кӣ,
Кӣ гӯяд бо мани нодон?
Аё модар, парешон гуфтаму кардам парешонат,
Кунун дарёфтам, дунёи ман будаст домонат.
Дар ин дунёи бесомон, дар ин саҳрои бедомон
Ҳидоят кун маро то манзили ҷон, манзили армон. Кафо||Ба пеш
|
|
|