|
МАСЪУДНОМА |
|
IY
Ба амри дил муҳандис мешавам охир,
Ва охир ин ватанро мекунам таъмир.
Ба кохе мегузорам пояю бунёд,
Ки бошад манзари як миллати озод.
Ва аз санги сулаймон бурҷу девораш,
Ва аз Аржанги Моно боғу гулзораш.
Чу Маздак пайкаре аз халқсолорӣ,
Ки бошад аз ҳама айбу гунаҳ орӣ.
Чу Мавлонои Балхӣ марди раббонӣ,
Нахустин ошиқи хокии кайҳонӣ.
Ба шакли дил бисозам гунбади онро,
Ки бошад мавҷгири меҳр кайвонро.
Чу ин миллат диле дар Осиё будаст,
Чу ин миллат саре дар Ориё будаст.
Ва аз лаъли Бадахшон мекунам қандил,
Бутони Бомиёнро мекунам таҳвил.
Ва аз Уммулбилод ангора месозам,
Ба ҳам ин кишвари садпора месозам.
Ба расми Пактиё тифлу силаҳ бояд ба деворе,
Ба расми кобулӣ тифлу китобу кашфи асроре.
Чу Зардушту Алӣ вақти намоз аз ин ҷаҳон рафтанд,
Чу хуршеди навин бар осмон рафтанд…
Ва нақши ин иморат дар дилу ёдам,
Чӣ бод омад, ки дод ин лаҳза барбодам.
Ба ҳифзи ин китоб акнун силаҳ гирам,
Зи васли дастҳо мушти гираҳ гирам.
Силаҳ охир гираҳ гардид дар поям,
Худовандо, зираҳ аз пой бикшоям!
Ки ин кишвар кунун дар дасти шайтон аст,
Барои санҷиши найранг майдон аст.
Зи минбарҳо силаҳ партов месозанд,
Қимориҳо ватанро бурда мебозанд.
Уқобон бомб ҷои байза меоранд,
Миёни болҳо сарнайза меоранд.
Ҳам акнун шӯравӣ зору пушаймон рафт,
Аз ин кишвар чу бори нобасомон рафт.
Ҳам акнун давлати ислом побарҷост,
Ва ин асли ҷиҳоди мост.
Ҳама азҳоби исломӣ:
Яке аз мактаби Ҷомӣ,
Яке орифи раббонӣ,
Яке аз зоти мавлоно,
Ҳама бихрад, ҳама доно,
Вале ҷанги ҷаҳон боқист;
Кӣ дар ин базми мо соқист?!
Чу асли ҷанги мо дар мост,
Набарде умрҳо барпост.
Ва ман акнун силаҳ бигзораму созам
Ҳамон қасри пурэъҷозам… Кафо||Ба пеш
|
|
|