Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАСЪУДНОМА


Y


Дили ман дар камину духтар аз пеши камин мерафт,
Ба он ҷое ки мерафт, аз таҳи поям замин мерафт.
Раҳи боло ба боло мебарад он сарви болоро,
Хуморӣ гаштам охир ин раҳу он рӯи зеборо.
Ва боди ҳарзае чун меҳвари худ ёфт духтарро,
Зи поён то ба боло чарх зад болои дилбарро.
Ва пайкар метарошад бод чун суратгари озод,
Ҳасад бурдам ман аз густохию озодии ин бод.
Ва боре моҳи навро аз қазо дидам ба рӯи ӯ,
Дуо кардам, дуои мустаҷобе дар нумӯи ӯ.
Замоне бадр шуд, моҳи тамоми осмон гардид,
Зи мадду ҷазр дарёи дамону лангарам ларзид.
Ба амри дил миёни баччаҳо ҷустам суроғашро,
Ҳама санги маломат мезанад норинҷи боғашро.
Чу аз ин нозанин пурсӣ, нигини Тоҷидин бошад,
Касе якроҳу якрав дар замин бошад, ҳамин бошад.
- Бародар, аз тиҳидастӣ чӣ нолӣ, зеваре дорӣ,
Аҷоиб шӯхшангу дилситонак духтаре дорӣ.
- Ту медонӣ, туро чун сарвару чун тоҷи сар дорам,
Зи молу сарвати дунё ҳамин як мушти пар дорам.
- Муроди ман, ки ин мушти парат болу парам бошад,
Саре пурмоҷаро дорам, ҳаме тоҷи сарам бошад.
- Агар меҳре фурӯзон кардаӣ, меҳри сипеҳр аст он,
Туро даргир мебинам, худовандо, чӣ меҳр аст он!
Шаби базми арӯсӣ ҷамъи ёрон даври хони ман.
Ба нармӣ чанг мезад Зӯҳраи чангӣ ба ҷони ман.
Ва танҳо дар ҳамин як лаҳза ман ором гардидам,
Чу шери беша дар ин тӯри симин ром гардидам.
Чу ҷоне аз паси ҷавшан,
Чу ришта аз паи сӯзан,
Чу ҳарфи сабзи рӯиш аз гули савсан
Ба рӯзи сахт, рӯзи бахт бо ман буд,
Ҳарими ӯ маро дар ҷавшани тан буд.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба