Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

МАСЪУДНОМА


YI


НАҶВО


Ҳарчанд ки васлем, ҷудоем, ҷудоем,
Зери қадами дӯст ба поем, ба поем,
Дар хонаи худ хонахудо, хонахудоем,
Мо рӯди Ҳарӣ оби бақоем, бақоем.

Аз Майманаву майсараву Балху Ҳиротем,
Мавсуф яке ҷумла сифотем, сифотем.
Чун Кӯҳи Сулаймон ба суботем, суботем,
Мо номаи тавҳиду баротем, баротем.

Аз аҳли Бадахшону Бадахшон нафурӯшем,
Хубони ҷаҳон зулфи парешон нафурӯшем.
Мо ғарқаи хунему гулафшон нафурӯшем,
Мо ҷони ҷаҳонем, ба ҷонон нафурӯшем.

Аз шаҳри ҷалолем, ҷамолем, камолем,
Бадгӯй нигорад, ки ҳаромем, ҳалолем,
Номард агар ҳаст, нанолем, нанолем,
Дар номаи аъмол ҷавобему саволем.
Гар ҳаст яке толиби ин мулк, ҳамонем,
Матлуб ҳамин, толиби бегона надонем,
Эҳёгари ин мулку маконем, замонем,
Мо луқмаи худ аз даҳани шер ситонем.

Аз водии шерон ҳама шерони далерем,
Дар ишқи Ватан ҷумла асирем, асирем,
Дар ҳифзи ватан ҷумла амирем, амирем,
Дар ҳар ду ҷаҳон аз ватани хеш сафирем.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба