|
МАСЪУДНОМА |
|
YII
Сано хонад ҷаҳон пирӯзии моро,
Ба ғафлат зад вале пирӯзи дунёро.
Фиғони қарнҳо дар оҳ меғунҷад,
Замони бекарон дар гоҳ меғунҷад.
Ва мо дар оҳу дар ин гоҳ таркидем,
Ба умқи хештан дар чоҳ таркидем.
Даруни мо бурун гардиду пайдо шуд,
Ҳамон чизе ки меҷустем, анқо шуд.
Чу нашнидем панди Балхи Бомиро,
Зи Мавлонои худ асли тамомиро.
Чу таркидем, гаштем аз дарун холӣ,
Парешидему гаштем аз фусун холӣ.
Чу бом афтод, доми орзуҳо шуд,
Саре аз ҳар сурохи дом боло шуд.
Ва барҷо монд девори валангоре,
Ва мо дар пои девори пурасроре.
Кӣ медонад, кӣ бошад аз паси девор,
Чу мо гаштем аз се пушти худ безор.
Ҳам акнун кӯдакони сури бегона
Ба мо ҳам дом оварданд ҳам дона.
Дар ин вазъи парешону дар ин пайкор
Касе буду хасе гардид Ҳикматёр.
Яли Чоросебӣ зери санги осиё афтод,
Шикасту парда аз рӯи риё афтод.
Дареғо, боз монд ин боби Кобулро,
Забун кард ӯ таҳамтанҳои Зобулро.
Аду бо парчами сулҳу сафо омад,
Зи дунболаш балои Карбало омад.
Чу толиб беҳиҷобу бо ниқоб омад,
Чу хобе ё чу пайғоми китоб омад,
Ҳама алломаҳои барҳақи пирӯз
Саволи лоҷавобе менамуд имрӯз.
Ҳама бишкаст дар ин ҷанги шайтонӣ,
Чӣ тадбире, ало ёрони раббонӣ!
Ҳама дар роҳи сулҳ омехт бо толиб,
Ва ин бечора шуд бар ғолибон ғолиб.
Ғиреве сар кашид аз синаи Масъуд,
Садои дар ҳисори зиндагӣ масдуд:
Ки ҳар кӣ меравад аз ман, раҳи боз аст,
Ва ҳар кӣ бо ман аст, ин лаҳза оғоз аст.
Агар аз хок монад чун кафи пое,
Дар он бошам чу кӯҳи пойбарҷое.
Ва аз нав Панҷшеру марзи користон,
Ва Солангу Бадахшону Тахористон.
Набарди охирин пайгири ин мардон,
Кӣ бошад чорасози олами имкон?
Набарди чорсӯе даргирифт имрӯз,
Худоё, дар равони мо тавон афрӯз!
Чу дар марзи шимолӣ ёфт душманро,
Ҳаме пироҳани худ кард ҷавшанро.
Ва аз аъмоқи фарсахҳо чу эъҷозе
Зи Ҷайҳун ё зи гардун ҷаст овозе.
Садои тӯпу фарёди занон бархост,
Қиёми ин замон аз ин макон бархост.
Ҳазорон нашъ дар ин домани саҳрост,
Ва як саҳро гуноҳи толибон инҷост,
Шикасти толиби дунёталаб омад,
Чӣ пирӯзӣ, ки олам дар аҷаб омад.
Ва Аҳмад мегиристу рӯз механдид,
Ҷаҳони равшану пирӯз механдид. Кафо||Ба пеш
|
|
|