|
YIII
Толиб шикаст, дамдамаи толибон шикаст,
Чандон кашид зеҳи камон, то камон шикаст.
Огоҳ кард аҳли ҷаҳонро зи рӯзи нав,
То рӯзи нав расид, низоми ҷаҳон шикаст.
Ҷамъе ба роз роҳ гирифтанд сӯфиён,
Санги сабур дар бағали орифон шикаст.
Хоби дарози ӯ ҳама вақти суҷуд буд,
Бехобии вуҷуди ӯ хоби замон шикаст.
Марде ки баст бори нахустин камар маро,
Имшаб занаҳ бибаст, ситеғи ялон шикаст.
Суратгаре ки зоҳири сурат ҳамегирифт,
Маъно гирифт, хонаи рӯҳу равон шикаст.
Айни паёми беҳҷатӣ дар хокдон, дареғ,
Парвози охирини варо осмон шикаст.
Ҷайҳун ба зеру шаҳпари тайёра дар ҳаво,
Ҳангоми ин убур ҳаме ҷои ҷон шикаст.
Тайёра мепарад ва киро мебарад, куҷо?
Он чӣ шикастанист, худоро, ҳамон шикаст.
Он рӯҳи лоязол париду ба чарх рафт,
Дар ин уруҷ решаи шакку гумон шикаст.
2006. Кафо
|
|