|
НУРИ САҲАР
Асри бистӯм буд.
Дар ин хонадон
Зиндагонӣ дошт расми бостон.
Баъди Восеъ,баъди он рӯзи ғазо,
Баъди хунрезӣ, ҷазои носазо
Муждаи оянда чун афсона буд,
Шеъри Ҳофиз равшании хона буд,
Шамъ буд, парвона буд,вайрона буд,
Бенаво дар фикри обу дона буд.
Шом ҳар ҷо даврае тафсон шудӣ.
Ёди Восе гулхани тобон шудӣ.
Дар забони мардуми нокоми ӯ
Даври гулхан давр мезад ному ӯ.
Асри бистӯм буд, айёми баҳор.
Мужда омад аз Бухорою Ҳисор:
«Ки амир афтод –хасми ҷони мо.
Инқилоб омад ба кӯҳистони мо».
Шайх гуфто: «Эй фақирони худо,
Охират омад, ана рӯзи ҷазо,
Бо ғазо хезед, ҷанги ҳайдарӣ,
Кӯҳсори мост садди хайбарӣ!»
Бой гуфто: «Куфр омад, аламон,
То ситонад молу ҷони мӯъминон».
Халқ гуфто: «Инқилобаш одам аст,
Бо амири бедиёнат душман аст,
Ёри Восе, ҷӯраи ҷонии мост,
Гар ба ӯ ҷангем, нодонии мост».
Асри бистӯм буд, рӯзи навбаҳор,
Аз Душанбе хест ду фавҷи савор,
Ҳурриятро сӯи Хатлон мебаранд,
Нурро сӯи шабистон мебаранд.
Асри нав аз қуллаҳои кӯҳи пир
Мегузашт озод, бе имдоди тир.
Кӯҳу саҳро гулфишонӣ доштанд,
Пир буданду ҷавонӣ доштанд…
Рӯз кам-кам рафт омад шоми тор,
Моҳи нав омад зи пушти Кӯҳи Нор,
Пули Сангин бо ҳамон ларзонияш,
Бо ҳамон фарсудагӣ, нимҷонияш
Бурдборӣ дошт дар болои об,
То диҳад ёрӣ ба ин кори савоб.
Сулҳ буд, чун зери боло санг буд,
Суми аспон бо замин дар ҷанг буд.
Мепарид оташ зи наъли аспҳо,
Ҳар садо дар кӯҳ мешуд даҳ садо.
Гӯӣ дар ин роҳ даҳ фавҷи дигар
Буд онҳоро ниҳонӣ ҳамсафар.
Найзаҳо чун шӯълаҳо месӯхтанд,
Шомро оҳиста меафрӯхтанд.
Ин садо, ин шӯъла в-ин шоми сиёҳ
Назди имшаб буд ҳар сеяш гувоҳ:
Ки дар ин ҷо як замоне ҷанг буд,
Хок аз хуни фақирон ранг буд.
Ки ба ин ҷо халқ фирӯз омаданд,
Баҳри истиқболи имрӯз омаданд…
Ин шабе буд, интиҳояш рӯз буд,
Бо ду маънӣ ин саҳар Наврӯз буд.
Рӯз шуд, омад ба сӯи кӯҳсор
Асри бистӯм дар намуди навбаҳор. Кафо||Ба пеш
|
|