Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


НУР ДАР ДИЛҲО

Шом буд, шоми пурасрори баҳор,
Сабз мешуд дона андар киштзор,
Боз мешуд бо навои андалеб
Ғунчаи хушхандаю хушбӯи себ.
Моҳ мезад ғӯта дар дарёи Вахш,
Об мешуд рахш аз рангу дурахш.
Олболу духтари хушрӯй буд,
Аз ҳавои он замин хушбӯй буд.
Дар бари он духтаре бо оби ҷӯй
Дошт аз ишқу ҷавонӣ гуфтугӯй.
Дар хамӯшиҳои шабҳои баҳор
Дар тапидан буд набзи беқарор,
Дар вазидан буд боди мушкбӯ,
Дар шукуфтан буд боғи орзӯ.
Дар миёни боғ мактабхона буд,
Чун ибодатхонаи тифлона буд,
Аз саҳар то шом дар ҷои азон
Бонг мезад беибо занги калон.
Аз саҳар медод тифлонро хабар
Аз сиёҳӣ, аз сафедӣ, аз ҳунар…
Шом буд, олам аҷаб ором буд,
Файзи имшабро амонӣ ном буд.
Ибтидо меёфт дарси охирин
Дар ҳавои чанд овози маҳин.
Ногаҳонҳамчун балои осмон,
Бо раҳи навсоз, бо роҳи замон
Зад, баромад тӯдаи тороҷгар,
Ҳар саворе дошт афзоли дигар.
Дар сари онҳо Ҳасан-девона буд,
Аз ҳамин ҷо буд,
Вале бегона буд.
Рост онҳо сӯи мактаб тохтанд,
Гирди онро ҳалқае андохтанд.
Ӯ фаромад, саллаашро соз кард,
Бо ғазаб дарро ба пояш боз кард.
Чун сиёҳие дарун омад зи дар,
Аз қафояш тӯдаи бедодгар.
Гашт ларзон лаҳзае нури чароғ,
Баччаҳо буданд ҳайрон, бедимоғ.
Гуфт: - Оҳо, духтари зебо шудӣ,
Лол будӣ, булбули гӯё шудӣ.
Тавба кардам, як заифи мушти пар
Шубҳа меорад ба имони падар,
Дарс мегӯяд ба шайтонбаччаҳо
Аз китоби куфр, бар қасди худо.
Тавба кун, Сайрам, ки ҳоло дер нест,
Лутфи ҳақро аввалу охир нест, -
Тавба кун!..
- Ту тавба кун, эй рӯсиёҳ,
Ту гунаҳгорӣ!
Надорам ман гуноҳ!
- Беҳаё!
Бо ман баробар мешавӣ?
Ёғии дин, ёри кофар мешавӣ?!
Дор ӯро!..
Аз ду дасташ доштанд,
Кӯдакон оҳу фиғон бардоштанд.
Сад сипоҳӣ бо силоҳи англис,
Бепаноҳон дар паноҳи англис
Се муаллимро аз ин даргоҳ бурд,
Се шуоро дастаи гумроҳ бурд.
Дарсхона чун китоби боз монд,
Мактабу шогирд беустод монд.
Якаю танҳо миёни чорбоғ
Худфурӯзӣ дошт дар мактаб чароғ…
Субҳидам. Бозор оташзор буд.
Дар миён се духтару се дор буд.
Гирди онҳо издиҳоми бесадо
Буд ҳамчун ҳалқаи аз ҳам ҷудо.
Дастҳои бесилоҳи пеши бар,
Синаҳои размҷӯи бесипар,
Абрӯвони чун камони пурситез,
Чашмҳои модарони ашкрез
Буд шоҳид аз вафодории халқ,
Аз тавоноию ночории халқ…
Баъд аз инбо як имое аз замин
Канд пои духтарони нозанин,
Бор шуд бар дӯшҳо ҳамчун гувоҳ,
Гӯиё бори замин, бори гуноҳ.
Пои мардум медаромад ноаён
То ба зону дар замини безабон.
Дар ҳаво се куртаи алвони тар
Буд аз ҳар оташе тобандатар.
Халқ мисли аввала хомӯш буд,
Ин хамӯшӣ нафрати дарҷӯш буд.
Бо ҳамин нафрин то шоми дигар
Гашт аз ҷанги муаллим бесипар.
Шоми дигар зору танҳо мегурехт,
Сӯи охират, зи дунё мегурехт,
Пеши чашми ӯ занони сурхпӯш
Оташе буданд гӯёву хамӯш…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба