Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


НУР ДАР ҚУЛЛАҲО

Хонаи бобо Назар тӯёна буд,
Тӯй пурасрор чун афсона буд.
Зоҳиран ором буд, дилҷӯй буд,
Ду гиреҳаш байни ду абрӯй буд.
Зӯр мезад, ки намояд рӯкушод,
Хашми пинҳон, душмани ҷон дар ниҳод.
Дар забонаш зикри номи Мустафо,
Дар дилаш тарсе: мабодо аз қазо
Духтари яктои беҳамтои ӯ
Нашканад бозори ӯ, савдои ӯ.
Зери айвон чой мезад бо сукут
Дастаи домоди бо ришу бурут.
Чун падарро ҷӯраю домод буд,
Аз «қаламкаш» то сурайё шод буд.
Кист дар ин тӯй он якто ҷавон,
Ки баҳорон аст дар бими хазон?
Ҷумъагул…ин номро тафсир нест,
Ҳусни онро ҳоҷати тасвир нест.
Ҳамчу бут имшаб варо оростанд,
Аз худо бахту саодат хостанд.
Ҳолае гардида гирди моҳи ӯ,
Буд як села занон ҳамроҳи ӯ.
Дилдиҳӣ карданд он дилдодаро,
Панд мегуфтанд тифли соддаро.
Бахт бо ӯ корсозӣ менамуд,
Дар сари як мӯй бозӣ менамуд,
Лек ӯро тӯй бозӣ менамуд,
Рӯи ҳавлӣ оташи даврони Ҷам,
Бесадо месӯхт, бо дарду алам.
Аз даруни гулхани поки қадим
Мебаромад сад забони оташин.
Ҷумъагул бо рӯи чун мавҷи гулоб
Ноаён мегашт дар оташ кабоб.
Шӯълаи оташ гирифта рӯи ӯ,
Дуд мекард аз сиёҳӣ мӯи ӯ.
Дур аз ҳавлӣ кранҳои қатор
Дар баландӣ буд ҳамчун Кӯҳи Нор,
Аз яки онҳо чароғи роҳи дур
Дар ду чашми нурҷӯяш гашт нур.
Он чароғи дур дар чашмони ӯ,
Оташи наздик дар виҷдони ӯ,
Дар хаёлаш ҳурмати номи падар,
Дар ҳаросаш кандани банди ҷигар,
Дар вуҷудаш нанги марди ришдор,
Дар дилаш ишқи муқаддас, ишқи Ёр, -
Мекунад роҳи яқинро интихоб.
Ёфт аз байни гунаҳ роҳи савоб:
«Ё бисӯзам дар алови дуднок,
Ё фурӯзам дар бари он нури пок!»
Хест бо азме ба сӯи хона рафт,
Аз худӣ бигзашт, ба бегона рафт.
Қиссаи аҳволро кӯтоҳ кард,
Бозии дилро ба он ҳамроҳ кард:
«Акаи Юнус, ҳамин соат биё!
Бехабар монӣ, паноҳат бар худо.
Чун Душанбе рафт ёрам бегумон,
Ғайри ту дигар надорам пуштибон.
Гар наоӣ…Бо тавалло, Ҷумъагул».
Дод қоғазро ба дасти додараш,
Бас ки аз ӯ буд танҳо бовараш.
Шевани занҳо, суруди «Ёр-ёр».
Мерабуд аз беқарорияш қарор.
Ҷилваҳо медод пеши дидааш
Рӯзҳои ҷону дил бахшидааш:
Қуллаи кӯҳу дамиданҳои гул,
Бар рухи софаш расиданҳои гул,
Дидани хандидани гулҳои нав,
Ҷилваҳои лолаи мисли алав.
Ҷуфт рафтан, лек танҳо омадан,
Ҷои кори Ёр шабҳо омадан.
Бар кран наззора кардан аз замин,
Бар замин наззора аз чархи барин,
Дар бари ёраш расида бе каманд,
Аз замин, аз кӯҳ, аз мардум баланд.
Дар баландӣ ишқбозӣ, дилбарӣ,
Мисли як ҷуфти кабӯтар ҳампарӣ.
Рӯзи аввал аҳдбастанҳои ӯ,
Аҳдро имшаб шикастанҳои ӯ…
Мавҷигул ҳамчун гули беранг буд,
Орзу бисёр,
Фурсат танг буд.
Фотиҳа бинмуда ҳатми тӯйро,
Пеш оварданд он бадрӯйро,
Хутбаро бо ҳузни чун овози гӯр
Мекашад алломаи Деҳи Сабур.
Дар сукути марг дарро кӯфтанд,
Гӯиё дари қадарро кӯфтанд.
Шаш ҷавон, шаш комсомоли норакӣ
Гашт ворид аз дари ҳавлӣ яке.
Хутбаашро дар гулӯи домуло
Баст ногаҳ ин садои беибо:
«Акаи Юнус!
Аҷаб дер омадӣ,
Дер не, монанди тақдир омадӣ!
Омадӣ… Хуш омадӣ…
Аз ҷой ҷаст,
Рафт аз ҳавлию дар мошин нишаст.
Баъди як сония мошин дур шуд,
Тӯи имшаб бар ҳама дастур шуд.

***


Ин хабар байни занони бедаҳон
Гашт ҳамчун қиссае вирди забон,
Кард бобои Назарро таънасор,
Як суханро менамудандӣ ҳазор.
Лек мехонад ба духтар офарин
Аҳли Норак, мардуми нурофарин.
Рафтани ӯро ба шубҳа, боварӣ,
Ҳар кӣ мебахшид рамзи дигаре.
Он яке мегуфт: «Аз ин ҷо гурехт,
Обрӯи хонадонашро бирехт».
Он дигар мегуфт: «Нанге буду рафт,
Дар рухи оина занге буду рафт…»
Рӯзи тобистон.
Баромад ин саҳар
Офтоби Норак аз бурҷи дигар.
Духтари болобаланди нозанин
Буд болои кран-болонишин.
Зери фармон, зери дастони маҳин
Гирдгардон буд кӯҳи оҳанин,-
Гирдгардон буд гирди ӯ замин,
Азми одам, разми одамро бубин!
Аз ду ҷониб Ҷумъагул ҳамроҳи Ёр
Ду ҷавони шаҳсавори беқарор
Дар бинои як бино пардохтанд,
Хонаи худро ба ҳам месохтанд.
Ғайбати мардум ба зери пои ӯ,
Осмони соф шуд маъвои ӯ.
Мерасад бар гӯш овози маҳин,
Шом чашмак мезанад сӯи замин
Чашми ахтар, ахтари шабҳои ӯ
Олами нур аст худ дунёи ӯ…
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба