|
НУР ДАР ЗЕРИ ЗАМИН
Ба Нур Аҳмадов
Субҳидам,
Дар сар кулоҳи оҳанин,
Медарояд Нур дар зери замин,
Ҳамраҳи ӯ чор ёри кӯҳкан,
Чор тан аз чор ҷои як ватан:
Аз канори Волга, аз паҳнои рус,
Аз лаби дарёи дарёҳои рус,
Аз Енисей, аз муҳити нурхез,
Аз Днепрогэс, аз номи азиз,
Аз хурӯшу ҷунбиши ороми Дон,
Аз лаби рӯди равон, ороми ҷон
Сӯи Вахш омад баҳори аввалин
Чор марди хокии нурофарин,
Чор дарё ёри як дарё шуданд,
Ҳамчу Нури норакӣ таҳҷо шуданд…
Ин сабо, чун паҳлавони довхоҳ
Дидам онҳоро даруни коргоҳ.
Бетакаллуф ҳазлу бозӣ доштанд,
Боз будӣ, ҳар чӣ розе доштанд.
Зиндагӣ як, кор як виҷдон яке,
Гар хатар ояд, нафас як, ҷон яке.
Гуфт Морози шӯх: -Нури ҷон, биё,
Пеш шав, роҳи маро равшан намо…
Нур гуфто: - Дор аз ангушти ман,
Пӯш чашматро, биё аз пушти ман…
Панҷ ханда дар ҳаво парвоз шуд,
Акси он дар кӯҳ як овоз шуд.
Нақби пурасрор чун афсона буд,
Равшанӣ бо тирагӣ ҳамхона буд.
Нур ҳамчун хандаи ҷонона буд,
Ханда бар санги сияҳ бегона буд.
Лек механдиду меафрӯхт барқ,
Аз сиёҳӣ лолагун месӯхт барқ.
Тирагӣ монанди тӯри оҳанин
Буд пеши чашмҳои оташин.
Меҷаҳад барқи кабуде ногаҳон
Аз дами кафшер чун тиру камон,
Мешавад аз зарра то одам аён,
Боз мегардад ниҳон…
Чашми ҳайрат буд чашмони сарам,
Боз овозе шунидам аз барам;
Нур гуфто бо ҳамон дилдодагӣ,
Бо ҳамон соҳибқиронӣ, соддагӣ:
- Андаке хам шав, Морози* қадбаланд,
То нагардад каллаат дар кӯҳ банд…
- Гар биафтад аз сари ман Кӯҳи Нор,
Бар сари сахти ту мегирад қарор,-
Шуд ҷавобаш. Бори дигар ханда шуд,
Лек ханда бо садое канда шуд.
Бо тапиш аз пеш меомад садо,
Лек мошин аз қафо
Омаду истод дар паҳлӯи мо,
Мо нишаста дар кабина, дар ҳаво,
Даргузар будем аз афсонаҳо.
Бо хамӯшӣ роҳ мерафтему роҳ
Кӯр шуд дар синаи санги сиёҳ.
Буд ин тангӣ магар доми сукут,
Хандаҳо рафтанд дар коми сукут.
Бо садое дастгоҳи пармагар
Гашт бо кӯҳи шикебо сарбасар.
Шаш синон, шаш пармаи алмосранг
Ҷой шуд дар синаи берӯҳи санг.
Сахт буд ин пора ҳамчун ҷони санг,
Кам намешуд заррае аз кони санг.
Дастгоҳи СБУ бо як хурӯш
Монд аз фарёд, шуд охир хамӯш.
Боз ҳоким гашт овози сукут,
Дар садо дар гӯшҳо сози сукут.
Қатраи алмосранги қирадор
Медамид аз рӯйҳо –рӯи ғубор.
Нурро дидам: Ба ранги рӯи моҳ
Ними рӯяш буд аз оташ паноҳ,
Беҷило, бенур, бо ранги сиёҳ.
Нимаи рӯ, нимаи мӯяш сафед.
Гашт аз чашми сиёҳи ӯ падид
Нур ё барқи умед…
Дар миёни сахтиҳои ҷонканӣ
Нур гуфт: - «Автоматчиҳо, ба пеш!..
Ногаҳон аз ҷой ҷаст панҷ одам
Пармаи дастӣ ба даст.
Як сари парма ба рӯи синаҳо,
Як сараш дар синаи санги сиёҳ,
Пармаҳо омад ба кор,
Гашт ларзон мӯйҳо тори ба тор.
Санги хоро, панҷ марди нурҷӯ –
Танбатан, бозу ба бозу, рӯбарӯ,
Дошт монанди адӯ
Бо забони безабонӣ гуфтугӯ.
Мебаромад аз даруни санг дуд,
Рӯйҳо буданд аз сурхӣ кабуд.
Чашмҳои соф ахтарҳои роҳ
Мезанад аз равшанӣ гоҳе сиёҳ.
Пармаҳо дар тоб, дил дар изтироб,
Синаи хоро хароб.
Синаи одам чу дарёи дамон,
Ишқро маҷро, бузургиро макон.
Дар тапиданҳои дил, дар мавҷи он,
Дар муҳити бекарон
Акс меёбад замину осмон,
Ҷой мегирад ҷаҳон…
Чист пеши дил шукӯҳи обу гил,
Кӯҳи хоро, ҳайкали беҷону дил?!
Дар китоби вақтаз рӯи шумор
Буд ин рӯзи ҳазор.
Соати шаш ёфт ин бозӣ барор,
Ҳамчу ҷонбозии рӯзи корзор,
Аз Брест, аз ҷанги номӣ ёдгор…
Бегаҳӣ бо хастагии ғолибон,
Дар миёни чор марди кӯҳкан,
Соҳибони як ватан
Мебарояд Нур аз зери замин,
Мефарояд нур аз чархи барин…
* Мороз – сардори бригадаи нақбканон. Кафо||Ба пеш
|
|