Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


НУР ДАР ПОИ МАЗОР
Ба хотираи Михаил Дикарёв

Бехабар аз сиру асрори саҳар,
Хестам сармаст аз субҳи зафар.
Дар само хуршед механдад, чаро
Дар лаби мардум надидам хандаро?
Одамони шаҳри оташҷӯйро,
Духтарони шӯхи оташрӯйро,
Гар занӣ ханҷар, намеояд бурун
Қатраи хуне чу ашки лолагун…
Дина дар ин ҷо ба лабҳо ханда буд,
Ғусса аз шавқи ҳама шарманда буд.
Дина байни кӯҳ айни гиру дор
Дар шикастан буд азми Кӯҳи Нор
Дар миёни кӯҳ, дар зери замин,
Дар кушоишҳои банди охирин
Ман шунидам наъраҳои кӯҳро,
Ғурриши даррандаи маҷрӯҳро.
Ман бидидам сустиҳои сангро,
Сахтиҳои зарби якоҳангро,
Чашмҳои дар ҷило якрангро,
Ҳис кардам сулҳрою ҷангро.
Ман бидидам мурдани Фарҳодро,
Меҳнату овозаи барбодро.
Нақши дигар мезанад устоди рус,
Ҷӯи дигар меканад Фарҳоди рус.
Мефишонад аз ҷабин дурдонаро,
Мекушояд кӯҳро – афсонаро,
Қасри Ширин, ҳилаи ҷононаро,
Пои дар занҷири сад девонаро.
Ишқи ӯ зери суми Шабдиз нест,
Душмани ӯ Хусрави Парвез нест.
Нест аз номи бузургон номи ӯ,
Аз замин, аз об ширин коми ӯ.
Дар ҳамон ҷое, ки ду шохоби рӯд
Ҷӯр мегардид чун савту суруд,
Ду дили дарё баҳоре ёр шуд,
Ҳамчу Волга оқубат анҳор шуд.
Ишқи дарёию мавҷи беқарор
Ҳардуро овард сӯи ин диёр…
Номи ӯ Миша, рафиқу ёри ман,
Раҳкушои қиссаи душвори ман.
Ҷӯраи ҷонӣ, чаро дорам ба ту
Бо забони ношиносе гуфтугӯ?
Дина бо лабханд гуфтӣ: «Дӯстам!
Мекушояд ин сабо кӯҳи ситам.
Фурсати сӯҳбат надорам…то пагоҳ…
Баъд аз ман ҳар чӣ мехоҳӣ, бихоҳ…»
Дина рафтам аз барат бо сад хаёл,
Хестам имрӯз бо ёди висол.
Бо хаёлат роҳ бинад чашми ман,
Н-омадӣ…омад садои дилшикан:
«Водареғо, Миша зери хок шуд!»
З-ин хабар гӯё замин афлок шуд:
Мепарад аз дида оташпораҳо,
Чун ситора дар раҳи наззораҳо,
Ҳар ситора ашки сӯзон мешавад,
Аз само дар хок пинҳон мешавад.
Не, ғалат! Маҳкам бувад паймони ту,
Хандаи ту, Хандаи чашмони ту
Аксандоз аст дар чашмони ман!
Зиндаӣ, бозой чун сомони ман,
Ҷӯраи ман, Рустами дастони ман!
Аҳди мо ин буд ҳамчун дӯстон:
«К-аз ту фарҳодию аз ман достон…»
Лек рафтӣ, сӯҳбати мо нотамом,
Чун диҳам ин қиссаи дилро давом?
Гуфта будӣ: «Пушти дарғоти баланд
Вахшро як рӯз меорӣ ба банд,
Мавҷ бо қулла баробар мешавад,
Нур дар он ҷо шиновар мешавад.
Мебарояд заврақи заррини моҳ
Рӯи баҳри мо чу дар Баҳри Сиёҳ,
Меравад оҳиста рӯи мавҷҳо,
Медамад оҳиста субҳи босафо.
Мебарад аз шаҳри мо дарёи нур
Номи Норакро ба ҳар маъвои дур…»
Дина чашмат олами уммед буд,
Раҳбарат дил буд, дил хуршед буд.
Ишқи ту дарёю дарё безавол,
Мурдани дарёст худ амри маҳол…
Ё ғалат кардӣ, ба вақти дору гир
Кӯҳи пурасрор ҳамчун Золи пир
Бурд ҷонатро ба ҷанги охирин?
Марги Сӯҳроб аст фанди охирин!..
Чашм пӯшидию кӯҳи ғам кушод,
Вахш омад, зери поят сар ниҳод.
Аз ду ҷониб нур омад сӯи ту,
Бӯса зад аз рӯи ту, аз мӯи ту.
Даври ту буданд ёру дӯстон
Бесадо чун қуллаҳои безабон…
Дӯстам! Ёрони ҳамдастони ту,
Раҳравони роҳи бепоёни ту
Шӯъла мекоранд рӯи хоки ту,
Зинда медоранд номи поки ту.
Нури Норакро нисорат мекунанд,
Машъали пои мазорат мекунанд!
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба