Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ДОСТОНИ ОТАШ


НУР ДАР ДАРЁ
Моҳи найсон, аз даҳони коргар
Паҳн шуд бо нури хуршед ин хабар:
«Ин саҳар дар бастани маҷрои Вахш –
Дов дови паҳлавон – Дарёи Вахш!»
З-ин садо ҷунбид саҳро, кӯҳсор,
Рехт одам аз ҳама кунҷу канор,
Аз Бухоро то Бадахшону Ҳисор,
Харсавору зимсавор…
Нимрӯзӣ.
Нури олам худфурӯзӣ мекунад,
Абри найсон симдӯзӣ мекунад,
Рӯз кӯтоҳӣ, дарозӣ мекунад,
Офтобу об бозӣ мекунад.
Аз ситеғи сабз то домони кӯҳ
Буд дунёи шукӯҳ.
Гӯӣ ҳамчун буттаҳою сабзаҳо
Аз замин одам баромад ин сабо
Дар миёни сангҳо бо ҳазорон рангҳо.
Дар кафи ҳар шахс банди лола буд,
Лола аз дурҳои борон мола буд.
Гӯӣ мекарданд Ленинро қабул,
Гӯӣ мебастанд дарёро ба гул.
Менамуд аз дур ними Куҳи Нор,
Ҳамчу як ними анор,
Донаҳояш – одамони бешумор.
Нимаи он буд зери дасти ман,
Ҳамчу дил гарми задан.
Дошт санги хора чун одам нафас,
Дошт дарё, донаи шабнам нафас.
Як нафас дарёю одам шуд хамӯш,
Дил хамӯш – олам хамӯш.
Бо хурӯше баъд аз он таркид кӯҳ,
Аз камар то қуллаҳо ларзид кӯҳ.
Роҳи Вахши бодпо гардид банд,
Ҳаму Рахши ҷангдида, худписанд
Шуд сари пояш баланд,
Шиҳа зад, Фарёд зад, Зӯр зад,
Беҳудаю барбод зад.
Гирди худ чанде ба тундӣ тоб хӯрд,
Шасти ӯро оқибат гирдоб хӯрд…
Нақбканҳоро бидидам зери об –
Аз арақ, аз изтироб –
Чашмҳо гирдоб, пайкарҳо ба тоб,
Дар лабон акси савол, азми ҷавоб.
Аз дили кӯҳ оби ҷайҳун мегузашт, -

Бо талотум, то талотум мегузашт,-
Гӯӣ онҳоро зи дил, аз раги хун,
Аз раги хун мегузашт…
Пири хатлонии ҳамсоли ду аср,
Дар ҷабинаш сирру асрори ду аср,
Рост меистод бо қадди расо,
Беасо…як замоне бо асо
Рӯ ба рӯ гардид бо теғи қазо
Дар бари Восе, дар рӯзи ғазо.
Роҳи дарё баст, рӯи зан кушод,
Рӯймолаш буд дар чанголи бод.
Бори аввал дар миёни маҳрамон,
Дар бари номаҳрамони меҳрубон
Ӯ гирифт аз рӯи нуронӣ ҳиҷоб,
Дид рӯи хешро дар офтоб.
Баъди моҳу солҳои интихоб
Баҳри ӯ имрӯз омад инқилоб…
Дар дами дарё, лаби дарё Нисор*
Буд дар мошин савор,
Рӯи кӯҳон, рӯи кӯҳи оҳанин,
Мавҷи дарё дар ҷабин,
Тухмаи Восе ба дарё ҷанг кард,
Мавҷи дарё, қатраҳоро банд кард…
Оби дарёаз дили кӯҳи бузург,
Чун ғами садсола, андӯҳи бузург
Зад баромад дар ҳаво
Бо фиғону бо навои асрҳо.
Зарраҳои обу нури офтоб
Васл шуд дар осмони нилтоб,
Чун шафақҳои гулоб –
Нури фардоро мунодии бузург,
Ҳамчу шодии бузург…
1966.

hr size=1px color=black>
* Нисор Неъматов – экскаваторчӣ, ҳамдиёри Восеъ.
Кафо
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба