Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 5

Омадам аз раҳи дароз, падар,
Аз сари қуллаҳои роз, падар.
Рӯй орам ба хоки даргоҳат,
Узр хоҳам зи рӯҳу арвоҳат,
Мекунам розҳоят овоза,
Мебарам дар ба дар зи дарвоза.
Рози ту сӯзи ман, гудози ман аст,
Рӯзи сахтӣ дари ниёзи ман аст.
Медиҳам қиссаи туро парвоз
Чун кабӯтар зи қуллаи Дарвоз,
То ба хайли кабӯтарон бошад,
То ҷаҳони ту бо Ҷаҳон бошад.
То барад шеваи замингирам
Қиссаро то фалак чу тақдирам…
Ҳамчу деҳқони пок дар пирӣ
Бо замон будӣ бо замингирӣ.
Тухмпоши замини нав будӣ,
Доманат чоши мулку ҷав будӣ
Домане ҳамчу домани қишлоқ
Донаи васлкору ашки фироқ.
З-он баромад миёни гандумзор
Лолаи доғдор фасли баҳор…
Ба замин ҳамчу ҳазрати Одам
Тухм мекоштию дар олам
Неку бад тухми хайру шар мекошт,
Аҳриман тухми бесамар мекошт…
То шавад донаи ту саддона,
Аз сари кишт то дари хона
Дар дилам, чун замини навкорам
Хайр киштӣ, ки хайр бардорам.
Аз ҳамон донаҳо яке имрӯз
Сабз шуд ҳамчу сабзаи наврӯз.
Сабзаи тар, ману умеди самар,
Медамад, медамад зи хуни ҷигар…


Гуфтӣ: «Ин ҷанг ҷанги майдон аст,
Ҷанги мардону баччамардон аст.
Лек он ҷанг қалъабандӣ буд,
Ҷанги сайёдию камандӣ буд;
Чоҳ ҳамранги доми шабгуна,
Дом з-афсонаҳои сесуна.
Ғозиён – тозиёни ғоратгар,
Кӯҳи Дарвозро намуда сипар,
Дошта лашкари низомиро.
Баста роҳи ҳақу саломиро.
Ба хато баста роҳи қонунро,
Зери по карда амри гардунро…
Моҳи шаш дар миёни ин кишвар


Аспҳо монда аз даву аз пар.
Паҳнаи сабз хоб мебинанд,
Сабзаро чун сароб мебинанд.
Ҷавзӣ мезад* ҳазор аспи саманд,
Пой мезад ҳазор аспи даванд.
Аспи раҳвора роҳ мебинад,
Аз сари шоха барг мечинад.
Шиҳаи субҳгоҳии Шабдиз
Меравад то ба осмон гулрез,
Ларза андохта малоикро,
Нашъа ангехта халоиқро…
Меҳри гардун мисоли гавҳари сурх
Мебарояд ба фарқи аскари сурх.
Полкҳои савораи ҷангӣ
Чун ҷаҳони кушода аз тангӣ –
Ҳама дилгир чун асир шуда,
Бо фақирон ҳама фақир шуда.
Хӯрда нонро зи хони деҳқонӣ,
Сари ҳар хона буд меҳмоне,
Инқилоб аз дари дили Дарвоз
Дер бигзашту монд умри дароз.



* Мазори Бурхи Валӣ дар Сангвор аст.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба