Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 6

Комиссар аз сипоҳи сафбаста
Яккачин карду сохт як даста,
Дастаи тундгарди кӯҳнавард,
Аҳли дил, аҳли роз, аҳли набард.
Гуфт: «Имрӯз вазъи мо ин аст:
Роҳ вазнину бор сангин аст.
Фасли сеюм дар ин замин бигзашт,
Ҷанги се фасл дар камин бигзашт.
Аз Каведа умеди мо канда,
Ағбае ҳасту роҳи чапканда,
Дараи Узбай, ки бероҳ аст,
Сардара хирман аст, хиргоҳ аст.
Ҳаст он ҷо камини Ғайратшоҳ,
Дастаи ғозиён ба ӯ ҳамроҳ.
Аз Бадахшон умеди ёрӣ нест,
Ки савобаш чу об ҷорӣ нест.
Кӯри Шермат ба тангии Мурғоб
Мекунад рӯзро ҳисобу китоб.
Полкҳои дигар дар он водӣ
Мекунад рустамию фарҳодӣ.
Лек раҳ баста сӯи Помир аст,
Роҳ ҳамчун тилисми Кашмир аст…
Шаб раведу дами саҳар бирасед,
Аз раҳи хавф бехатар бирасед;
Гар ба ғафлат раведу бетаъхир,
Сафи ғайрат шавад сафи нахчир, -
В-арна гардед рӯ ба рӯ бо шер,
Раҳбаладҳо ҳамин ду тан бошанд,
Аз фақирони ин ватан бошанд:
Ин Қаноат зи мардикорон аст,
Ҳам ҷаҳондида, ҳам забодон аст,
Ин Сироҷ аст – марди тирандоз,
Роҳдони ягонаи Дарвоз.
Набарояд касе аз ин маҳфил,
Надарояд касе ба ин манзил!
Шаби бемоҳ пардадори шумо,
Инқилоб, Иттиҳод ёри шумо!»
Нақшаи раҳ ба дасти ботадбир,
Нақшаро роҳ мекунад таҳрир…



* Ҷавзӣ задан – лаҷом хоидан.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба