Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ПАДАР


Қисми 7

Соате рафту мо ниҳон рафтем,
Зери чашми ситорагон рафтем.

Шом чашми қаровулон кӯр аст,
Сардии шом неши занбӯр аст.
Якзабон гашта безабон рафтем,
Бор вазнин, гарон-гарон рафтем.
Мо зи пешу сипоҳиён аз дум,
Ҳамчу реша ва хӯшаи гандум.
Даҳани Об* масти хоб гузашт,
Бояд аз роҳи чун таноб гузашт.
Шарфаи пойҳо зи шарфаи рӯд
Буд мавҷуду буд номавҷуд.
Шаби торику чашми дил равшан,
Раҳи борику пеши раҳ душман.
Раҳравӣ шуд ба аскарон мушкил,
Сад гумон меравад зи дил то дил:
«Аз раҳи омма рафтан осон аст,
Баъд аз ин роҳ нобасомон аст,
Дараи Узбай, ки сартез аст,
Ҳар даму ҳар қадам балохез аст.
Ин мабодо, ки чанд танхоҳаш
Дидбонӣ кунад сари роҳаш,
Кори махфӣ чу ошкор шавад,
Охирин чора бебарор шавад.
Ё зи бими бало фирор кунанд,
Ё чунон шӯру корзор кунанд,
Ки шавад тангно ба сӣ аскар,
Баҳри мо доми нанг, доми хатар,
Ман бимонам миёни кори савоб
Аз ду раҳ, аз ду сар миёни азоб…»
Роҳро қисса мекунад кӯтоҳ,
Гуфтаанд одамони дилогоҳ,
Роҳи яксоата ба хомӯшӣ
Буд сарборае ба ҳар дӯше.
Шуд ишорат барои дамгирӣ
Бе камингирию камонгирӣ.
Зери по дил-дили замин мезад,
Чархҳо чархи чанбарин мезад…
Он тараф роҳ арсаи ҷанг аст,
Ҷодаи сарфароз аз санг аст.
Раҳравон дасти мою домани кӯҳ,
Мо ба доман, адӯ ба гардани кӯҳ.
Сад қадам пеш-пеш аз даста
Саду як раҳ гусаста, пайваста,
Роҳро озмуда баргаштем,
Раҳбару чопару сипар гаштем.

Камари кӯҳу дастаи шалпар
Сина бо синаю камар ба камар.
Шуд ишорат барои дамгирӣ,
Бо камингирию камонгирӣ.
Чӣ хамӯшӣ, ки гӯш кар мешуд.
Нафас аз гӯшҳо бадар мешуд.
Таги по дар назар чу зерингоҳ,
Тори сар хам задаст хирмани моҳ,
Ба тарозуи вақт бахти сипоҳ, -
Паллае моҳу паллае дар чоҳ.
Як қадаммонии хато ин ҷо
Ҳаст роҳи яқини он дунё.
Ҳадафи роҳи мо чу ин дунёст,
Дар нишебу фарози он хаму рост
Рафтаю субҳ то макон бирасем,
На ба он…
Мо ба ин ҷаҳон бирасем…

Пеши раҳ вонамуд кӯҳи баланд,
Ҳамчу марге барои марди лаванд.
Сар намуда ману Сироҷ ба фанд,
Шуд раҳи инқилоб нӯки канамд,
То кашидем ними аскарро,


Нима дидем хайли ахтарро,
Осмон ҳамчу ташти зар будӣ,
Вақт вақти ситорапар будӣ.
Пеши рӯ пуштае чу пушти наҳанг,
Аз куҷо то куҷост коми паланг?
Роҳ гирем бо рави нахчир,
Ҳар чӣ ояд, биояд аз тақдир…
То камингоҳ як-ду фарсанг аст,
Ёлаи бедарахту бесанг аст.
Раҳ гирифтем бо ҳамон дастур,
Зери боли ситораҳо мастур.
Ба замин зер мекунад «Максим»
Синаамро чу пуштбори азим.
Синамолу гаваккашон рафтем,
Назди хиргоҳи ғозиён рафтем…
Гар ба хоки камин ҷабин монӣ,
Сина бар синаи замин монӣ,
Шавӣ огаҳ, ки хок дил дорад,
Ин куҳандард тасмасил дорад.
Ранҷи мо меравад барои замин,
Бӯалӣ нав кунад давои замин…
То расидем бар сари ёла,
Тофт гулхан чу хандаи лола.
Даври он ғозиёни имсола
Чун маҳи шомхӯрда бо ҳола.
Аз қазою дами қадар ғофил,
Чун зафаркарда аз хатар ғофил.
Шӯъла мерехт аз ситораи рӯз
Ба замину замон чу пораи рӯз.
Шуд садо…Сӣ камону як «Максим»
Ҳалқаи хасмро намуд дуним.
Баъд «Максим» ба савтҳои дароз
Шуд ба кӯҳу камар танинандоз:
Ғозие тир бар ҳаво мезад,
Ғозие тир бар қазо мезад.
Субҳдам охири шабехун шуд,
Рӯи хуршеду хок гулгун шуд.
Субҳдам осмони сепора
Тифли хуршедро зи гаҳвора

Боз бинмудаю ба роҳ андохт,
Нури раҳмат ба ҳар гиёҳ андохт.

***


Ку биёбед ҷисми Гайратро,
Сарсипоҳу тилисми ҳайратро, -
Гуфт командир. Ҷустуҷӯ кардем,
Ҳамаро гашта зеру рӯ кардем,
Лек Ғайрат набуд, вовайло,
Ба замин рафта буд ё ба само?
Комиссар гуфт: «Ӯ фирор намуд,
Ин тараф субҳидам савор намуд»:
Гуфтам: «Он шаҳсавор сангин аст,
Рози сангинсавора дерин аст…
Ғайрат ин ҷост, ҳар куҷо бошад,
Чун Язиде ба Карбало бошад…»
Хест ногоҳ шарфаи тире,
Яккатире барои нахчире;
Кулаҳи лейтенант парид аз сар,
Шуд шикоф аз ситора болотар.
Соҳиби тир аз шахи нахчир
Мефаромад ба зӯр, ба зер…
Ҳама гаштем дидаи ҳайрат;
Пеш омад ба пои худ Ғайрат,
Дидам он тирхӯрдаро дар гир,
Ҳамчу фармонраво ба ҳоли асир.
Омаду дар миён қарор гирифт,
Гуфт: «Кори шумо барор гирифт…»
Комиссар –
То расад ҳақ ба ҷониби ҳақдор,
Се шаҳодат барои мо даркор.

Ғайрат –
Ман манам, тири бехато шоҳид,
Ватанам – дашти Карбало шоҳид,
Осмону ситораҳо шоҳид,
Дарди ман, дарди бедаво шоҳид!

Комиссар –
Баччаи мард будаӣ, Ғайрат,
Лек бедард будаӣ, Ғайрат.
Аспи тундат ба номи Сурхун аст,
То миён дар миёнаи хун аст.
Шармсорам зи ҷабҳаи нангин,
Аз камини зи хоку хун рангин,
Ман чӣ донам, ки дар камингоҳат
Кист гумроҳу кист ҳамроҳат?

Ғайрат –
Ман гунаҳгор, раҳбару сарвар,
Дигарон чун сиёҳии лашкар.
Сар гирифтӣ чу охирин тирам,
Пир мегӯяму ҳамемирам.

Комиссар –
Амри ҳақ – амри инқилоб ҳамин,
Амри қонун ва офтоб ҳамин:
Аз замин меравӣ ба зери замин!

…Шарфаи тиру…ларзаи «омин»…

***


Бояд акнун ҳама шитоб кунем,
Бо Диловар сару ҳисоб кунем.
Аспҳо бесавору бесоҳиб,
Гашт аскар савору раҳтолиб.
Бояд аз Узбай фуруд оем,
Аз баландӣ ба Панҷруд оем.
Аз қафояш миёнагир кунем,
То ба ғафлат варо асир кунем .
Раҳ ба раҳ не паранда пар мезад
Не касе бонг аз хатар мезад.
Зини аҷдодию савори навин,
Маркаби кӯҳна зери бори навин,
Шаш ҷиҳатро ба роҳ санҷидем,
То ба Даштак расидаю дидем:
Дастае беамон фирор намуд,
Дастае азми корзор намуд.
Аспҳо бастаю саворе чанд
Давр мезад ба даври меху каманд.
Аспи ғозӣ агарчи тозӣ буд,
Дар назар маркаби ҷувозӣ буд.
Дашт гардону асп гардон буд,
Чарх гардону бахт гардон буд.
Мефитодӣ зи тири якдаста
Ба замин ғозии камарбаста.
Буд ҷанги савора ҷанги бадав –
Ғарами коҳу боду кори алав.
Тунд бар пушти бодпо рафтем,
Ба камингоҳ аз қафо рафтем.
То расидем бар камингоҳаш,
На Диловар падиду не шоҳаш.
Соате пештар ба як даста
Садсавора зи оби яхбаста
Ҷасади ӯ гузашт аз дарё,
Монд дунё, гузашт аз дунё…

Шуд бало тири он балогардон
Ба сари «кофарон» мусулмонон…

***


Полкҳои савора аз Дарвоз
Ин саҳар пар гирифтаю парвоз,
Сӯи Помир раҳсипор шуданд,
Дар само турнаҳо қатор шуданд.
То шавад бомҳо чу Боми Ҷахон,
То шавад номҳо ба номи Ҷахон.



* Даҳани Об – номи ҷой, сари роҳи деҳаи
Пшихарв
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба