|
Қисми 8
Холӣ шуд доманат зи дона, падар,
Пои пирӣ бар остона, падар.
Офтобат мисоли зерингоҳ
Меравад аз пагоҳ то бегоҳ.
Охирин донаи хазоният,
Тифли пирию навҷавоният
Сабз мешуд ба домани деҳа
То шавад бори хирмани деҳа.
То шавад донаи ту дурдона,
Дурри шодоб дар садафхона,
Парваридӣ ба дил,
Дили дарё,
Ки барояд ба соҳили дарё.
Дӯш бар дӯши бори аҷдодам,
Дар лаби соҳили ту истодам,
То аз ин ҷо ба соҳили фардо
Бори сомони ту барам барҷо.
То барам бори инқилобатро,
Бору сарбораи савобатро.
Бори «Максим» ҳамеша бар дӯшам,
Охирин нуктаи ту дар гӯшам:
«Як гунаҳ кардаам, ки лочун аст,
То қиёмат ба гарданам хун аст.
Хуни ноҳақ набуд…хундорам
Дод умре азобу озорам…»
«Он гуноҳат агар ҳамин бошад,
Бори гаҳвораи замин бошад,
Тифли он тифли бегуноҳи ман аст,
Дар паноҳи тую паноҳи ман аст…»
1974. Кафо
|
|