|
ШОИР ВА ШОҲ |
|
***
Шоҳи золим нишаста фикронӣ,
Буд ба рӯяш нишони ҳайронӣ.
Дастҳо хунфишону ҷаллодон,
Гӯшҳо интизор бар фармон.
Шоҳ аммо хамӯшу сархам буд,
Ҷаҳлу ақлаш нахуст маҳрам буд.
Баъди нимрӯз сар чу боло кард,
Сӯи ҷаллод ким-чӣ иммо кард.
Сарбурон мардро раҳо карданд,
Худ надониста ки чаро карданд.
Пас забон баркушод он мағрур:
- Ман яке бандаи худо Темур!
Амр ин аст: ҳамин замон лашкар
Қатъ созад ҷафою кандани сар!
Чопарон амри шоҳро бурданд,
Ба сари қотилонаш биспурданд;
Бо ҳамин ёфт сарбурӣ поён
Аз дами оташини теғи забон.
Гарчи шамшер тезу буррон аст,
Сухани ҳақ буротар аз он аст.
Кист он мард? – шоири ҳақгӯй,
Ҳофизу хоҷаи адолатҷӯй,
Он, ки доди суханварӣ дода,
Шеърро зидди теғ бинҳода.
Он, ки бо лафзи рост дар олам
Роҳ ёбад ба қалби ҳар одам…
1957 . Кафо
|
|
|