Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ ДАҲ


Расидем то марзаи Исфаҳон,
Ба дастури дарвеш бо ҳамраҳон.
Ба мо шуд ато хилъати хосае,
Бидидам дар ин коса нимкосае.
Ба дарбор рафтам фурӯ зери бор,
Ки рӯзӣ чӣ бошад аз ин рӯзгор?
Амири вилоят ба иззи тамом
Маро дод болою воло мақом.
Ба ҳар ҷумъа мешуд бапо анҷӯман,
Зи назми навину зи расми куҳан.
Басе кӯҳнадӯзон сало мезаданд,
Хирадро ба боди фано мезаданд.

Ҷавон пир буду ҷаҳон пиртар,
Замон оҳу ҳар оҳ шабгиртар.
Ҷаҳон ҳамчу шабгардии осиёст,
Ки санги забар гаҳ зи тираш ҷудост.
Чӣ тарсе зи гардуни гардон бувад?
Ба Маҳмуд серӯза даврон бувад.
Ба се даври дигар барояд зи тир,
Шавад ҷаҳл дар пои доно асир.
Кашидам чу ин ҷамъро аз гиле,
Аз ин мазраи хушку беҳосиле.
Зи илму ҳунар баста зарринкамар,
Кашиданд теғе зи пушти сипар.
- Расидам замоне ба сомони хеш,
Фаро кардам илми парешони хеш.
Кашидам фани худ ба лафзи дарӣ,
Ки ояд аз он шеваи модарӣ.
Чу гуфтори ман бо ҳамин лафз буд,
Маро набз буду маро нафс буд…
Қазоро расид аз Хуросон хабар,
Ки Маҳмуд бинмуд азми сафар-
Ба он кишваре, ки наояд дигар,
Саровард кишти муродаш самар…
Зи домони дунё гирифт устувор,
Ки доман надорад чунин беканор.
Гар ин пиразан доманафшон шавад,
Басе тифли якрав зи домон шавад!
Раво дид бар ман басе ранҷро,
Хато рафт султони шатранҷро.
Ба сахтии ҷабраш накардам дуо,
«Ки бодо зи тахту зи бахташ ҷудо».
Чу киноварӣ бар хилофи ман аст,
Ба ҳикмат хилофу хилофи фан аст…
Магар одам омад ба дунё бадон,
Ки оташ занад дар сарои ҷаҳон?

Магар баҳри мурдан шуд одам падид
Ба ин кӯҳнадунё ба расми ҷадид?
Агар тира будӣ ҷаҳонро умед,
Шабе менагардид рӯзи сафед!
Биё, косагул, фурсате май кашем,
Ки умрест ранҷи паёпай кашем.
Бубахшо даме равшанӣ бар димоғ,
Ки шабро сафедӣ бубахшад чароғ
Муғаннӣ, бизан нағмаи бемалол,
Ки бошад ба бозӣ чу набзи ғизол.
Даме душмани сактаи дил шавад,
Муроди дили банда ҳосил шавад.
Ба рақс ой, эй Зӯҳраи хокдон,
Биларзон тану мӯҳраи хокдон.
Ки аз бори сангин раҳонӣ маро,
Ҷаҳоне чӣ бошад, ҷаҳонӣ маро.
Ки дар мӯшикофии банди аҷал
Ҳамин мӯи мушкин расид аз азал,
Шавад гар аз ин мӯй рӯям сиёҳ,
Чӣ боке, агар ҳаст рӯе чу моҳ.
Ту Ҷузҷонӣ, бикшо зи рӯи вафо
Яке боби ҳикмат маро аз «Шифо»
Равам то ба кори худӣ сарфаро:
Саропарда беҳтар, ки мотамсаро.
Чу ин маҷлиси унс поён шавад,
Ба ӯ сар ба сар меҳри тобон шавад.
Яке рӯзи дигар шавад рӯзгор,
Бубинем фардо чӣ орад ба бор…
Чӣ шуд кори фардо, чӣ субҳе дамид?
Ки Масъуд бар мулк лашкар кашид.

Ғиреве бирӯид дар Исфаҳон*,
Зи шарҳаш бисӯзад забону баён,
Ба ин ҷанг Масъуд масъуд шуд,
Ҳама буди ин хок нобуд шуд.
Ба ҷои падар ӯ ганҷури ман
Фаробурд дастору дастури ман.
Рабуданд аз хона «Инсоф»-ро,
Зи ҳар сафҳае нақши саҳҳофро.
«Зи ҳар роз ман парда бардоштам,
Мар инро барои ту бигзоштам?»**
Куҷо мебарӣ ҳикмати Шарқро,
Чӣ сон мебарӣ оташи барқро?!
Дареғо аз ин ранҷи рӯзу шабам,
Дареғо зи аҳволи тобу табам
Дареғо зи ман, водареғо зи фан,
Шавад гар матое ба ҳарду кафан!
Зи қаъри замин то ба чархи барин
Басе роҳ бурдам, ба ҷуз роҳи кин.
Ҳамин роҳ моро ба ғофил гирифт,
Дареғо хирадро, ки ҷоҳил гирифт!
Бубояд аз ин мулк берун равам,
Фаришта наям, ки ба гардун равам.
Битарсам, ки гардем дар ин сафар.
Ман аз оламу Олам аз ман бадар.
Дар ин ҷанг аз ҳарчи дорад вуҷуд,
Бимонад яке зинда – Зояндарӯд!
Чу пояндагии ҷаҳон бо фан аст,
Бувад то фанам, ин ҷаҳони ман аст!



* Султон Масъуд ибни Султон Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1030 ба Исфаҳон ҳамла карда, китобхонаи Ибни Синоро ғорат мекунад, аз ҷумла «Китоб-ул-инсоф»-ро дар 20 муҷаллад, «Ҳикмати Шарқ», китоби шашуми «Қонун» ва дигар дастнависҳои гаронбаҳоро ба Ғазнин мебарад ва бо амри Малик Ҳусайни Ғурӣ Тоши Фаррош ин ганҷинаро оташ мезанад ва Ибни Сино бори нахуст аз шиддати ғазаб ба касалии қулинҷ гирифтор мешавад.


** Ин байт аз қасидаи «Айния»-и Ибни Сино иқтибос шудааст.
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба