Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ
Ҷаҳонро ҷовидон гуфтию ҷовид аст,
Хирадро нур гуфтӣ, олам испед аст.
Замин ҳамчун сари шӯридаи инсони пурдон аст,
Фани ту, мадфани ту ҳамраҳи ӯ гирдгардон аст,
Ба зери теғаи Алванд, рӯи рукнҳои фан
Гирифта гунбази сабзе чу ақли одамӣ маъман:
Ишорат бар сарони сабзи Инсон асту ирфон аст,
Чу рамзи сарбаландиҳою азми сарбадорон аст;
Ки зери бору зери дор,
Зери ханҷари хунбор,
Ҳама фарзонаю мардона бигзаштанд аз пайкор…
Вале, пайкор бошад,
То ҷаҳоне аз паи кор аст,
Даме, ки неку бад ҳампаллаю ҳамсангу ҳамбор аст.
Миёни асри мою асри пуршӯри шумо, устод,
Ҳазорон қабрҳо бархост,
Ҳазорон қасрҳо афтод.
Ҳазорон шаҳрҳо ҳамчун Бухоро шуд мазори мо,
Ҳазорон шаҳрҳо рӯид аз меҳри канори мо.
Ба нерӯи хирад охир баромад аз Замин Одам,
Ба авҷи осмонҳо, ду ҷаҳон гардид як Олам, -
Аҷаб Олам, ки маҳро дид чун саҳрои хокистар,
Аҷаб Одам, ки шуд бо Зӯҳра ҳамовою ҳамбистар.
Ва холӣ ёфт бистарро ва худро ёфт, комил ёфт,
Ва худро дар сари саҳрои киштат ҳамчу ҳосил ёфт.
Ва худро дар мақоме ёфт – дигар пасту боло нест,
К-аз он ҷо сад ҷаҳон пайдою як дунёи зебо нест;
Ба ҷуз дунёи инсонӣ, ки Инсон офарид онро,
Аз ин ҷо саркашону паркашон бигрифт Кайҳонро,
Ҳакимон бо аҷал имрӯз ҳам дасту гиребонанд,
Ба ҳукми фан ба ҷисми мурда ҷони тоза бахшоянд,
Вале банди аҷалро ҳеҷ кас накшуду накшояд.
Барои бедилу соҳибдилон дил офарид Одам,
Ба одам нӯшдору, заҳри қотил офарид Одам.
Бале, пайкор бошад, то ҷаҳоне аз паи кор аст,
Кунун ҳам неку бад ҳамсояю ҳамсангу ҳамбор аст.
Чу некӣ маншаи Хуршед дорад, панҷаи Хуршед
Парасторӣ намояд зиндагониро ба сад уммед,
Заминро чун замон ӯ субҳгоҳон мекашад дар бар,
Ки ғайр аз оташи рӯяш нагирад оташи дигар…
Ба тӯфони ҷаҳолат аз биёбон новадон бурдӣ,
Ҳақиқатро, фазилатро миёни
Бодҳо бебодбон бурдӣ.
Ва дар Алванд бандар ёфтӣ, эй марди тӯфонӣ,
Зи фазли форсӣ Алванд шуд Олимпи Юнонӣ.
Раҳи разми худоёнро,
Раҳи базми гадоёнро,
Пазиро гашта яксон ёфтӣ болою поёнро.
Ту дарди мардумон ҷустӣ, ба дарди хеш дар мондӣ,
На бар болин, ба рӯи санги шер* оҳиста сар мондӣ.
Ба гӯшат мерасид аз дур танҳо аллаи модар,
Фуруд омад зи чашмат ашк ё ахтар?
Бубастӣ чашм ё равзан,
Вале аз равзаҳои илми ту чашми ҷаҳон равшан.
Ту мерафтию тобути ту чун сайёра меҷунбид,
Бухоро, модари зорат, сари гаҳвора меҷунбид.
Сароғозат Бухорою саровози ту Алванд аст,
Миёни ин ду манзил банд-банд, пайванд-пайванд аст,
Яке пайванди ҷисмонӣ,
Яке пайванди ирфонӣ,
Ту банду баст кардӣ марзро чун ҷисми инсонӣ.
Ба болои мазорат гунбазе чун косаи сарҳост,
Ба рӯи гунбази сабзат само чун гунбази дунёст.
Шафақ аз теғаи Алванд бар ҷоми худовандӣ -
Ба рӯи гунбази ту аз майи сурхи самарқандӣ
Чу дар ҷоми нагуне бода мерезад ва он холист,
Ҷаҳон аз номи ту пур гашту он ҷоми Ҷаҳон холист.

1979.




* Санги шер дар Ҳамадон муҷассамаи табиии шер аст.
Кафо
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба