Эҷодиёт

Достонҳо

Созҳои Шероз

Шеърҳо

Достонҳо

ШОИР ВА ШОҲ

СИТОРАИ ИСМАТ

КИТОБҲОИ ЗАХМИН

МАСЪУДНОМА

СУРӮШИ СТАЛИНГРАД

ТОҶИКИСТОН – ИСМИ МАН

ПАДАР

ДОСТОНИ ОТАШ

ГАҲВОРАИ СИНО

МАВҶҲОИ ДНЕПР

ҲАМОСАИ ДОД

ГАҲВОРАИ СИНО


МУШКИЛОТИ СЕ


Ривоят мекунад доною нодон,
Ишорат мекунад гардуни гардон;
Ба ҷое рафт охир кори Сомон,
Ки омад бо сари боло ба поён.
Чу дуд аз дудаи Сомон баромад,
Дигар оташ аз ин маҷмар наёмад.
Чу Нӯҳ аз тахт бар рахти дигар шуд,
Савори аспи чӯбин раҳсипар шуд.
Бухоро монд чун шаҳри кушода,
Саворон гашта чун марди пиёда.
Фаромад аз шимолӣ чун сияҳбод
Қарохонию дод ин хок бар бод.
Ғуломе аз ҷанубиҳо баромад,
Сару сомони сомонӣ сар омад.
Пас он зад сиккаро бо номи Маҳмуд,
Баромад аз ватан ё аз кафан дуд?
Ва ҷӯи Мӯлиён чун ашк полуд,
Чу Нили маърифат гардид нобуд.
Ва Маҳмуду Ҳусайн ин ду бародар
Намуда саҷдаҳо бар хоки модар,
Намуда бӯсаҳо хоки ватанро,
Ба қадди хокдон дида кафанро,
Ба хорӣ мурдани дунёи фанро,

Дилогоҳони ҳоли мулки Доро
Видоъ гуфтанд бо шаҳри Бухоро.
Куҷо раҳ мебарам ин достонро,
Ки охир нест роҳи ростонро.
Ки имкон нест пайванди суханро,
Бигӯяд реҳлати ҷону баданро,
Чу Сино бо гирифторе чӣ созам?
Барояд оташи ӯ аз димоғам;
Бурун омад шаб аз дарвозаи нур*,
Ридоъ**, пӯшидаю дастори кофур.
Ба Хоразм азми рафтан кард ночор,
Ки ёбад бар матои худ харидор.
Раҳи дури биёбон чун сароб аст,
Чу нақши бебақо болои об аст.
Дар он чун пай гузорӣ, нақши поят,
Ба як дам пок гардад аз қафоят.
Аломатҳои ин раҳ ноаён аст:
Раҳи зангӯлаҳои корвон аст.
Ва Сино гуфт: Бо рафтори анҷум
Бубояд рафт аз саҳрои раҳгум.
Қамар ҷинсе тамому нотамом аст,
Фақат Хуршеду ахтар дар мақом аст.
Ғуруби офтоби ин биёбон
Ишорат мекунад бар оли Сомон,
Аҷаб хунин фитода офтобе,
Ки онро ман надида дар китобе.
Сари шаб боди тунде дар садо шуд,
Равон реги биёбон зери по шуд,
Ба дастуре, ки ин дунё фано шуд,
Ва ё охир ва ё дунёбино шуд.
Аз ин саҳро, ки чун дарё равон аст,
Фақат тадбиру ҳикмат новадон аст.
Бубояд лангаре аз буттахоре,
Ки он ҷо хокро бошад қароре…»
Ки ҳар чӣ реша дорад,
пеша дорад,
Зи ашколи муҳит андеша дорад.
Ки дида дар ҷаҳони бурдборӣ
Бузургеро чу Сино зери хоре?!
Бародар зор ӯро зери пар буд,
Чу раҳми модару ирси падар буд,
Ба тундӣ сафҳаҳои сурхи ҳомун
Чу дуди сурх мерафтӣ ба гардун.
«Аҷаб оташ, ки онро нест гармӣ,
Аҷаб дуде, ки онро нест нармӣ.
Магар ин оташу дуди китоб аст,
Ки ҳамчун роҳи дониш беҳисоб аст?
Магар ин хашми яздон аст ё ман?
Фиғони ҷумла инсон аст ё ман?
Ба ин ҳикмат, ки дорам, нест роям,
К-аз ин бозии дунё чун бароям.
Аҷаб коре, ки дар саҳро бимирам,
Ба гумроҳӣ мани доно бимирам.
Ва илми оламе барбод гардад,
Ҷаҳолат дар ҷаҳон озод гардад»
Чу сар бардошт аз зери ридояш,
Зи машриқ медамад субҳи сафояш.
Бидид аҷсоди ҳар ду зери хок аст,
Сари ҳар ду бурун аз ин мағок аст,
Агар тан дар мақоми худ замин аст,
Аз он ақлу хирад болонишин аст.
Пас ӯ доманкашон бархест аз хок,
Зи ҷо Маҳмудро бардошт чолок,
Пас аз ранҷи шикебои шабона
Ду тан гардид дар саҳро равона.

Бародар об мепурсиду обе
Набуд ҷуз ранги нилии саробе.
Бародар нон мепурсиду ноне
Набуд ҷуз курси хуршеди ҷаҳонӣ.
Баногаҳ чун атои осмонӣ
Расид овози занги корвоне:
Расид як корвон ҳамли боре,
Ки онро нест сомону қароре.
Бидида сорбон ин ду ҷавонро,
Ду тири раста аз қавси камонро,
Бигуфто: «Ин ду дарвеш аз куҷоянд,
Дар ин саҳро чу инъоми худоянд,
Ба онҳо ёрие кори савоб аст,
Ба ҳар аъмол дар дунё ҷавоб аст».
Паи андешаи кору барораш,
Гирифт охир ду сарборӣ ба бораш.
Ба дарвешон бифармуд обу ноне,
Даромад аз тариқи роздонӣ.
Бигуфто: «Аз куҷою то куҷоед?
Агар озода гӯям, дар ридоед».
Бигуфто Ибни Сино:
«Аз тариқат
Раҳе дорем то сӯи ҳақиқат,
Ду муршидему аз як хонақоҳем,
Ба сӯи ҳақ ду чашми як нигоҳем».
Аз ин шева бидид он марди тоҷир,
Ду сӯфиро ба ботину ба зоҳир.
Чу дид ин соликонро нест озор.
Сухан бинмуд аз гармии бозор:
Бигуфто: «Аз Яман дурҳо харидам,
Чу қатра аз дили дарё кашидам,
Зи пӯлоди Димишқу шоли Кашмир
Намудам пардаю шамшеру занҷир,
Пас аз соле расидам то Бухоро,
Надидам олами ҷуду сахоро,
Ҳама моли маро бурданд бебоҷ
Гурӯҳи раҳзане рӯзе ба тороҷ.
Қазоро бин, ки он рӯзи ғазо буд,

Бухоро бе худою бо худо буд.
Ҳамон рӯз аз аморат рафт Сомон,
Бухоро шуд ба амри ҳақ биёбон.
Кушода буд тамоми ганҷи шоҳӣ,
Дари ганҷинаю соҳибкулоҳе…
Мукофоти амал омад ба ёдам,
Дари ганҷури шоҳонро кушодам,
Зи симу зар ба ғайри тахту тоҷе
Гирифтам мулки сомонро хироҷе,
Ки аз моли ман ин дар сад фузун аст,
Касе, к-ин мол дорад, зуфунун аст.
Ба каф н-омад фақат тоҷу нигинам,
Вагарна ман шаҳи рӯи заминам.
Ва Сино гуфт: «Ҳар касро маром аст,
Барои мо кафандуздӣ ҳаром аст.
Чу бинмудӣ яке суду зиёнро,
Макун андешаи тоҷи каёнро,
Агар фар нест, марде тоҷвар нест,
Ба ҷуз исме мар он чизи дигар нест.
Ба исми халқ тоҷе гашт нисбат,
Дигар тоҷе набуд аз рӯи ҳикмат…»
Ва тоҷир гуфт: «Эй солики бероҳ,
На як роҳ аст дар дарбору даргоҳ.
Ту шоҳу тоҷро нодида бошӣ,
Ба роҳи дигаре варзида бошӣ,
Макун пеши раҳи ман гомронӣ,
Ки бори корвон дорад гаронӣ».
Пас аз ин ҳар сухан бори зиёд аст,
Сухан ганҷ аст,
Ин дам лек бод аст,
Давоми гуфтугӯ бонги диро шуд,
Зи ҳомун то ба гардун пурсадо шуд,
Низоми ин садоро гашта ҷӯё,
Ки онро нест назме ҷуз ба савдо,
Ки зарби мусиқӣ аз илм пеш аст,
Чу набзи одамӣ бар назми хеш аст.
Ҷарас дорад аҷаб назми парешон,
Чу бонги нӯш дар базми парешон.

Чу фарёди ҷудоӣ нола дорад,
Зи расми бевафоӣ нола дорад.
Бувад ин занг оҳанги дили ман,
Ки менолад зи кишту ҳосили ман.
Ба ҷое норасида маҳмили мо,
Расида шоми дигар – қотили мо,
Ба пастие зи маҳмил бор канда,
На боре, давлати бедор канда,
Гурӯҳе хайма зад бар шабнишинӣ,
Аҷоиб шаб, ки дар хобат набинӣ,
Ҳама хиргоҳиён бедор буданд,
Мусаллаҳ бо сару афзор буданд.
Чу ман аз хайма берун хоб рафтам,
Чу санге гӯӣ дар гирдоб рафтам.
Ба хоби хеш дидам шаҳсаворе,
Ба тамкину ба рафтори бухорӣ,
Ки мекард аз сари саҳро суроғам,
Ҳамехонд аз биёбони сӯи боғам.
Ба он боғе, ки рафтам, ошно буд,
Ба дил наздику аз ҷисмам ҷудо буд.
Дар он боғи хаёлӣ хоб кардам,
Ба ногаҳ нолае бетоб кардам.
Зи ҷо ҷастам, бидидам маҳшареро:
Саворони чу боди сарсареро.
Гурӯҳи роҳзанҳои ниқобӣ,
Қарақчиҳо зи дуздони китобӣ
Рабуда хонумони корвонро,
Гирифта рӯҳу ҷони сорбонро,
Риқобӣ гаштаю дартоз рафтанд.
Чу розе омаданду боз рафтанд.
Мукофоти амал дар ин шаби тор,
Амал шуд бо раҳи инкори инкор,
Ки ҳар ки ҳирс дорад, ҳирс корад,
Аз он ҳирси фузунтар бор орад.
Ба ин дастур зери чархи даввор
Бигардад неку бад такрор-такрор.
Ба ҳирси сорбон ин ҷо ватан шуд,
Биёбон гӯру регистон кафан шуд.

Саҳаргоҳон бишуд маҳмил равона,
Чу осебе зи осеби замона,
Кунун бонги ҷарас оҳу фиғон буд,
Касеро не яқину не гумон буд.
Ки онҳо мебаранд аз ганҷи сомон,
Яке ганҷе, ки онро нест поён,
Намедонад, ки ӯ худ корвон аст,
Ки илми ин ҷаҳонро сорбон аст.
Ва ин ганҷур дарпӯшида беҳтар,
Ва ин асрор сарпӯшида беҳтар.
Ба ин дастур раҳ бурданд, роҳе,
Ки нақше аз қафояш дуди оҳе.
«Ба рӯзи панҷ ранҷи мо ба сар шуд,
Аҷаб сабзии сабзе ҷилвагар шуд
Аз ин сабзӣ биёмад бӯи райҳон,
Аз ин сабзӣ биёмад бӯи инсон,
Ана Хоразм, он чи азми мо буд,
Ба мо буд он қадар, к-аз мо ҷудо буд…»

* Дарвозаи нур – яке аз дувоздаҳ дарвозаи Бухоро, ки ба сӯи Хоразм кушода мешуд.

** Ридоъ – қабои аҳли зуҳд, ки ба китф мепартофтанд
Кафо||Ба пеш
© 2010   www.cit.tj. All Rights Reserved
Симина & Наҷиба