|
ГАҲВОРАИ СИНО |
|
МУШКИЛОТИ ЧОР
Ишорат менамояд чашми бино,
Ҳикоят менамояд Ибни Сино.
Ба Хоразми муборак то расидем,
Нахуст аз обу аз нонаш чашидем.
Замине чун зумуррад дар биёбон,
Дари Урганҷ ҳамчун ганҷ во шуд,
Дилу ҷонам дар ин ганҷина ҷо шуд.
Аҷаб шаҳре, ки Ҷайҳун рӯдбораш,
Ва рӯди маърифат андар канораш.
Зи Ҷайҳунаш равон рӯди Ҳазорасп,
Ва киштиҳо дар он ҳамчун қатор асп,
Зи бозаргони дунёю бузургон
Муҳите буд чун дарёи Гургон.
Дар ин ҷо рум дидам, рус дидам,
Шаҳи Хоразмро Ковус дидам,
Алӣ фарзанди Маъмун шоҳи кишвар,
Ба ҷои тоҷ ақле дошт бар сар,
Ки дар дунёи пурғавғои пайгир –
Дар ин саҳрои тунди сагу нахчир,
Ба фазлу бо иродат рой мезад,
Ба роҳи ҳақшиносӣ пой мезад.
Маро рӯзе пазиро гашт Маъмун,
Магар дарёфт дар аҳволи Маҷнун;
Бигуфто: «Хуш расидӣ, нури дида,
Чунин фоли накӯро кас надида,
Ки фазли оламе ояд ба пояш,
Ки олам дарду он бошад давояш,
Ба ҷону дил бикӯшам дар маошат,
Тую илму фану баҳсу талошат».
***
Замоне бо Абӯсаҳли Масеҳӣ,*1
Кушодем аз Арасту сад гиреҳе.
Ба ҳикмат бо Абӯнасри Ироқӣ, *2
Шудем аз васлкориҳо фироқӣ.
Абурайҳони Берунӣ ба фарҳанг
Намуда мулкро хушбӯю хушранг,
Сари донишварони ин замин буд
Барои ҳалқаи шоҳӣ нигин буд.
Фалак дар чашми ӯ бошад чу байзо,
Даруни байза бошад ақл анқо,
Ки фаҳми он ба фарде буд хоса,
Ки созад пасту болоро хулоса.
Сутуҳ аз ҳикмати ӯ чоргоҳ аст,
Ки фаҳми ӯ фақат дар чор роҳ аст,
Миёни чорсӯ дар мӯшикофӣ,
Ба роҳи шаш ҷиҳат дорад хилофе,
Ба чашми ӯ фалак чун байзабоз аст,*3
Ва хуршеди фалак чун найзабоз аст.
Ба ӯ аз шаш ҷиҳат кардам ишорат,
Аз ин ҷо то само кардам иморат;
Ки одамдар мақоми худ ситода,
Намояд чор сӯяшро ифода.
Дар ин фан не саволу не ҷавоб аст,
Чу оғозаш тулӯи офтоб аст,
Чу одам аз замини ишқ рӯяд,
Нахустин чор сӯяшро биҷӯяд.
Чу нерӯи хирадро нест поён,
Ба чашми ақл мегардад намоён –
Қабатҳои замину осмонаш,
Камони чарх бо рангинкамонаш.
Камону тир дар дасти камонвар,
Ба забти кишваре ё ҳифзи кишвар…
Ба шукри хидмати мардони доно,
Ба шукри неъмати ақли тавоно.
Дар ин ҷо ёфтам ганҷе ба сомон,
Дар ин ҷо ёфтам ҷамъе ба сомон.
Кунун бо ақлу тадбиру иродат
Умури кишваре гардад иморат.
Ҷаҳон дар илм Олам ном дорад,
Зи гардишҳо сабоҳу шом дорад.
Агар ақли башар монад зи гардиш,
Агар гаҳворае монад зи ҷунбиш,
Само гардад ба амри хеш гардон,
Замин монад ба кори хеш ҳайрон…
***
Ба ин дастур се маҳ аз миён рафт,
Ҷаҳони шӯру ғавғо аз ҷаҳон рафт.
Ба маҷлисҳо сухан рӯшод мерафт,
Зи обу оташу аз бод мерафт.
Ва рӯзе дар миҷози обу оташ
Зи қабзи боду обу аз бисоташ
Ба Сино дод Берунӣ саволе,
Саволи соддаю амри маҳоле:
«Мусаллам, ҷисм аз гармӣ физояд,
Зи ҳаҷми хештан чанде барояд.
Ба сардӣ ҷисмҳо афшурда гардад,
Зи ҳаҷми хеш чанде хӯрда гардад.
Агар пуроб бошад обгина,
Агар дар об бошад обгина,
Зи сардӣ бишканад он зарфи шиша,
Сабаб чию сабабро чист реша?»
«Ҷавоби ин масал чандон ҳувайдост,
Ки аз нафси масоил хеш пайдост,
Ҳаво аз гармӣ ҷӯёи маконест –
Ба вусъат, лек дар он шиша ҷо нест;
Ба ин иллат шавад он шиша пора,
Бигардам аз раҳи дигар дубора.
Ба сардиҳо чу оби обгина
Шавад афшурдаю аз худ камина,
Халое*4 чун шавад дар шиша пайдо,
(Балое мешавад дар шиша пайдо),
Ба рафъи ин халоъ мегардад имкон
Ки шиша бишканад, дигар чӣ бурҳон!»
Абӯ Райҳон намуда эътирозаш:
«Агар рафъи халоъ бошад ниёзаш,
Бубояд бишканад шиша дарунсӯй.
Шикастан лек меояд бурунсӯй.
Чунон бинам, ки он мазруф дар зарф
Нағунҷояд чунон, ки ҳарф дар ҳарф…»
Ва Сино гуфт: «Дар ин шишабозӣ
На шиша, ҷавҳараш дорад ниёзе,
Агар ҷавҳар ба зоташ устувор аст,
Варо не хавфи оташ, не фишор аст.
Тунукмоя чу ояд обгина,
Набошад ҷурми ӯ – ҷурми камина…»
Бувад ин муттасилӣ дар табиат,
Ҳамин пайванд бошад дар фазилат,
Ҳамин сон муттасилӣ дар фазо аст,
Ки ҳар зарра ба васл асту ҷудо аст.
Ҳамин аҳвол рӯзе ҳоли мо шуд,
Бухоро аз халоӣ мубтало шуд.
Чу тадбиру хирад шуд аз вилоят,
Вилоятро фишоре шуд кифоят;
Ки девони Бухоро бо шукӯҳаш
Ва девори бузурги ҳамчу кӯҳаш,
Ба мисли шишаю андеша бишкаст,
Дарахти маърифат аз реша бишкаст.
Мабодо аз шару шӯри ҷаҳондор
Ҳамон амри халоъ ояд ба такрор.
Сухан то аз даҳони ӯ баромад,
Ба мисли боди саҳро чопар омад,
Ба Маъмун номае аз номи Маҳмуд.
Баровард ӯ сияҳтору сияҳпуд.
Ва Маъмун номаро чун амри султон
Чу доное пазиро шуд зи нодон
Чу онро хонд, дар андеша афтод,
Дарахти пешааш аз реша афтод.
Бигуфто: «Ибтидою интиҳо шуд,
Дареғо, ҷони мо аз мо ҷудо шуд.
Ҳамин раъй аст он султони динро:
Пазирам ё шуморо ё нигинро.
Саҳар Микол*5 ояд, то рабояд
Шуморо аз ману аз ин вилоят.
Чу неруе надорам дар масофаш,
Сар афкандам ба ин амри хилофаш.
Ба Ғазнин ҳар кӣ раҳ гирад, бигирад,
Касе роҳи дигар дорад, пазирад.
Ва Сино хандаи талхе бино кард,
«Ки ҳар чӣ ӯ ба мо кард, ӯ зи мо кард.
Азизон, бори дигар ман бидидам
Ба исботи ҳамин баҳси ҷадидам,
Ки кори шишаю санг аст олам,
Ба Маҳмуди гадо танг аст олам.
Абӯ Райҳон, чӣ дидӣ аз фишораш?
Ки аз худ меравӣ дар ихтиёраш.
Чаро дар худ наметаркӣ дарунӣ?
Ки таркиш хуштар ояд аз забунӣ.
Чу он назми куҳан омад дубора,
Ту шиша гаштию ман зарфи хора.
Ту роҳӣ мешавӣ то сӯи дарбор,
Раҳи ман мебарад то сӯи асрор.
Ҳамин сония он маҳфил ҷудо шуд,
Яке бо худ, дигарҳо бо худо шуд.
*1 Абӯсаҳли Масеҳӣ файласуфи машҳур, ки дар хидмати Алӣ ибни Маъмуни Хоразмшоҳ буд, баъд аз номаи таҳдидомези Султон Маҳмуд аз Ғазнин рӯй тофт ва ҳамроҳи Бӯалӣ роҳи Хуросонро гирифт.
*2 Абӯнасри Ироқӣ – олими риёзӣ ва аҳли ҳикмат буд.
*3 Ин ҷо ишорат ба таълимоти Абӯрайҳони Берунӣ дар боби шакли фалак аст, бар хилофи Арасту Берунӣ фалакро на куррашакл – балки чун тухм дарозшакл медонад.
*4 Халоъ – холигӣ, дар истилоҳи физика – вакуум.
*5 Абдулфазл Ҳасан ибни Микол яке аз навкарони Султон Маҳмуд. Кафо||Ба пеш
|
|
|